Декабр 29, 2016 18:25 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқ барои иҷрои оташбаси саросарӣ дар Сурия

Ситоди кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия дар баёнияе аз тавофуқ барои таваққуфи иқдомоти ҷангӣ ва иҷрои оташбаси саросарӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия (САНА), Ситоди кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия рӯзи панҷшанбе дар баёнияи худ бо ишора ба ин ки аз нимашаби 30 декабр ҳама иқдомоти низомӣ дар ин кишвар мутаваққиф хоҳад шуд, эълом кард, гурӯҳҳои террористии ДИИШ, “Ҷабҳат-ун-нусра” ва ҳама гурӯҳҳои вобаста ба онон аз тавофуқи оташбас истисно ҳастанд. Ситоди кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия таъкид кард, ҳадаф аз тавофуқи оташбас дар ин кишвар фароҳам кардани заминаи ҳимоят аз роҳкори сиёсӣ барои ҳалли буҳрон аст.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳам эълом кард, тавофуқ дар бораи оташбас дар Сурия ҳосил шудааст ва омодагӣ барои оғози гуфтугӯҳои сулҳи Сурия вуҷуд дорад. Раисҷмҳури Русия гуфт, намояндагони мухолифони Сурия ва ҳукумати ин кишвар барои оташбас дар ин кишвар тавофуқ карданд ва Маскав санади назорат ба оташбасро дар Сурия имзо хоҳад кард.

 

Барчасп