Дидори Амирабдуллоҳиён бо Башор Асад
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар ҷараёни сафарҳои минтақаии худ зимни ҳузур дар Димишқ бо Башор Асад-раиси ҷумҳӯри Сурия дидору гуфтугу кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирабдуллоҳиён рӯзи ҷумъа пас аз дидор бо дабири кулли Ҳизбуллоҳ, раиси порлумони Лубнон, вазири хориҷа ва нахуствазири ин кишвар Бейрутро ба мақсади Димишқ тарк кард.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе сафар ба кишварҳои ҳавзаи Муқовиматро бо ҳадафи ройзанӣ перомуни мавзӯи Фаластин оғоз кард.
Амирабдуллоҳиён рӯзи панҷшанбе бо нахуствазир ва мушовири амнияти миллии Ироқ дидор кард ва пас аз он Бағдодро тарк кард .
Сурияи сеюмин мақсади сафари минтақаии Амирабдуллоҳиён аст.