Узрхоҳии хабарнигори CNN аз интишори ахбори дуруғ дар робита бо Ҳамос
Хабарнигори CNN бо интишори паёме бобати интишори ахбори нодуруст дар робита бо сар бурида шудани кӯдакону навзодон тавассути Ҳамос узрхоҳӣ кард.
Сара Сиднер, хабарнигори CNN бо интишори паёме дар сафҳаи шахсии худ дар Х ( Твиттери собиқ ) зимни узрхоҳӣ бобати интишори ахбори нодуруст дар робита бо сар бурида шудани кӯдакону навзодон тавассут Ҳамос навишт:Дафтари нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбеи гузашта иддао кард, ки сар бурида шудани кӯдакону навзодон тавассути Ҳамосро таъйид мекунад, аммо режими саҳюнистӣ рӯзи ҷумъаи гузашта муддаӣ шуд, ки наметавонад сар бурида шудани навзодонро таъйид кунад.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳуқуқи мардуми мазлӯми Фаластин беш аз ҳафтод сол аст ки зери чикмаҳои режими саҳюнистӣ поймол мешавад ; режими ишғолгари Қудс дар ин муддат ваҳшиёнатарин ҷиноятҳоро зидди фаластиниҳо муртакиб шудааст.
Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) субҳи рӯзи шанбеи 7 октябр дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо амалиёти Тӯфони ал-Ақсоро оғоз кард ва сарзаминҳои ишғолӣ аз ҷумлаи Тел-Авив,Ашдуд ва Асқалонро бо садҳо мӯшаку ракета ҳадафи ҳамла қарор дод.
Ба дунболи ин амалиёти бузург камаш 1500 саҳюнист ба ҳалокат расидаанд .
Режими саҳюнистӣ, ки дар майдони набард бо муқовимати Фаластин ғофилгир ва шикасти муфтазаҳонаеро тайи чанд рӯзи гузашта мутаҳаммил шуда бо иқдоми ғайриинсонӣ тамоми гузаргоҳҳои Ғаззаро баста то муқовимати Фаластинро ногузир ба таваққуфи амалиёти диловаронаи « Тӯфони ал-Ақсо » кунад.
Вазорати беҳдошти Фаластин дар ҷадидтарин гузориш эълом кард теъдоди шуҳадои бомбаборонҳои режими саҳюнистӣ ба 1 900 нафар расидааст, ки 614 нафар аз онҳо кӯдак ва 370 нафар зан ҳастанд . Бар асоси ин гузориш 7 ҳазору 696 нафар низ то кунун дар бомбаборонҳои режими саҳюнистӣ захмӣ шудаанд.