Октябр 17, 2023 20:27 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ду мақоми фаластинӣ дар борикаи Ғазза
    Шаҳодати ду мақоми фаластинӣ дар борикаи Ғазза

Манбаи хабари аз шаҳодати ду мақоми фаластинӣ дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза хабар дод.

Неруҳои муқовимати Фаластин дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо аз рузи шанбе 7 октябри 2023 амалиёти ҳамаи ҷониба ва беназири бо номи Туфони алақсоро аз Ғазза ҷануби Фаластин зиди мавозиъи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз карданд.

Шикасти фоҷеъабори саҳюнистҳо ҳалокат беш аз 1000 саҳюнист ва аз даст додани бархе шаҳракҳо ва мақарҳои низомӣ боис шуд сарони ин режим дар рузҳои ахир борҳои ғайринизомиён ва мардуми бегуноҳи Ғаззаро ҳадаф қарор дода ва бо муҳосираи ин шаҳр ҷинояти ҷангӣ муртакиб шаванд.

Ба гузориши хабаргузории Мино, ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" дар баёнияи эълом кард Тисир Иброҳим раиси дастгоҳи қазои ин ҷумбиш ва хониводааш дар асари бомбаборони борикаи Ғазза аз суи режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расид.

Ҳамчунин Фавод Абубатиҳон мудири ҳайати кули гузаргоҳҳо ва марзҳои Вазорати кишвар ва амнияти миллии давлати Фаластин дар борӣкаи Ғазза ба ҳамроҳи шумори аз аъзои хониводааш дар ҳамлаи ҳавои артиши режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расид.

Бо вуруди амалиёти Туфони алақсо ба ёздаҳумини рузи худ ва идомаи касби пирузиҳои кам назир тавассути размандагони муқовимат дар набарди зиди режими саҳюнистӣ артиши Исроил ки аз муқобила бо размандагони фаластинӣ мустосил шуд бо бомбаборони ҷунуномез манотиқи маскунӣ, дармонӣ, масоҷид ва маконҳои таҷаммуъи оворагони фаластинӣ дар Ғазза беш аз ду ҳазор фаластинӣ ки аксари онҳо кудак ва зан ҳастандро ба шаҳодат расонад.

Барчасп