Қадрдонии Сафорати Фаластин дар Теҳрон аз давлату мардуми Эрон
(last modified Wed, 18 Oct 2023 13:38:40 GMT )
Октябр 18, 2023 18:38 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Фаластин дар Теҳрон
    Сафорати Фаластин дар Теҳрон

Сафорати Фаластин дар Теҳрон аз Ҷумҳурии исломии Эрон ва мардуми саросари кишвар ба далели истодани ҳамешагӣ ва собит дар канори ҳуқуқи фаластиниён қадрдонӣ кард.

Ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар рӯзҳои ахир, дар шомгоҳи сешанбе ба авҷи худ расид ва садҳо тан аз фаластиниён дар бемористони Алмаъмадонӣ дар маркази Ғазза, ҳадафи ҳамалоти саҳюнистҳо қарор гирифтанд.

Дар баёнияи Сафорати Фаластин дар Теҳрон зимни ташреҳи вазъияти кунунии Ғазза омадааст, талафоти фаластиниён то кунун беш аз 3000 шаҳид ва 12500 захмӣ дар Ғазза ва 61 шаҳиду 1250 захмӣ дар Карона бохтарӣ буда ва беш аз 500 ҳазор нафар маҷбур шуданд манозили худашонро раҳо кунанд.

Сафорати Фаластин дар Теҳрон дар ин баёния аз кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ хост, бо дахолати худ боиси таваққуфи бомбаборони ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ алайҳи шаҳрвандони ғайринизомии фаластинӣ шаванд.

Сафорати Фаластин дар Теҳрон аз тамоми кишварҳое ки дар канори Фаластин истодаанд ва аз раҳбарӣ, органҳо, давлату миллати Эрон ба хотири истодани ҳамешагӣ ва собит дар канори ҳуқуқи фаластиниён барои рафъи ишғолу ташкили давлати мустақили худашон ба пойтахтии Қудси Шариф қадрдонӣ кард.