Октябр 22, 2023 19:02 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми ҳушдори СММ дар мавриди фоҷеъаи инсонӣ дар Ғазза

Мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба бурузи фоҷеъаи инсонӣ дар Ғазза ҳушдор дод.

Синди Маккейн, мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони милал рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо нашрияи амрикоии Politico зимни ҳушдор нисбат ба бурузи фоҷеъаи инсонӣ дар Ғазза дар натиҷаи муҳосираи он тавассути режими саҳюнистӣ гуфт, мардум аз гуруснагӣ мемиранд, магар инки мо вориди минтақа шавем.

Вай ҳушдор дод, муҳосираи идомадори Ғазза ду миллиону 300 ҳазор нафар аз ҷамъияти ин минтақаро ба марзи гуруснагӣ кашонда аст.

Ин нашрия афзуд, режими саҳюнистӣ наздик ба ду ҳафтааст, ки пуртарокумтарин минтақаи соҳилии ҷаҳонро муҳосира карда ва бо ташдиди ҳамалоти ҳавоӣ, худро барои таҳоҷуми заминӣ ба Ғазза омода мекунад.

Маккейн бо ишора ба ин хабари ба Politico гуфт, Ғазза ҳамчунон ба кумакҳои бештаре ниёз дорад. Мо дар ҳоли ҳозир бо фоҷеъае дар минтақа мувоҷеҳ ҳастем, зеро наметавонем ба мардум ғизо бирасонем ва мардум наметавонанд чизе барои хӯрдан пайдо кунанд. Ин мардум аз гуруснагӣ хоҳанд мурд.

Навори Ғазза аз 9 октябр ва пас аз дастури Йоаф Галлант, вазири ҷанги режими Исроил дар муҳосира қарор гирифта ва дастрасии мардуми ин минтақа ба ғизо, обу энержӣ ба талофии ҳамлаи ғофилгиронаи рӯзи ҳафтуми октябри Ҳамос бисёр маҳдӯд шудааст.

Барасоси эъломи вазорати беҳдошти Ғазза токунӯн наздик ба панҷ ҳазор нафар аз сокинони ин минтақа, аз ҷумла як ҳазору 500 нафар кӯдак дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расидаанд.

Маккейн бо ишора ба афзоиши хатари ибтило ба бемориҳое монанди вабо дар натиҷаи фурӯпошии зерсохтҳои марбӯт ба оби ошомидании мардуми Ғазза таъкид кард, мо наметавонем иҷоза диҳем сиёсат, наҳваи ирсоли кумакҳои башардӯстонаро таъйин кунад. Ин як буҳрони инсонӣ аст.

 

Барчасп