Баҳрайн мизбони ҷашну пойкӯбии хохомҳои саҳюнистӣ
Интишори тасовири видеоӣ аз маросими ҷашни яҳудиён, мавсум ба “Ҳануко” дар Баҳрайн ва мизбонии гарми баҳрайниҳо аз хохомҳои саҳюнистӣ, бори дигар аз талоши физояндаи бархе кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форс, азҷумла Баҳрайн барои оддисозии равобит бо режими Исроил парда бардошт.
Расонаҳои хабарии ибризабон дар гузоришҳои худ эълом карданд, ҳайате ба намояндагии хохомҳои ҷунбиши ифротгарои “Ҳабод”, бузургтарин фирқаи яҳудиёни ортодокс, ки аз ифротитарин ва арабситезтарин ҷунбишҳои динии яҳудӣ ба шумор меояд, бино ба даъвати Ҳамд ибни Исо оли Халифа, подшоҳи Баҳрайн, барои баргузории ҷашни “Ҳануко” ба ин кишвар сафар кардаанд.
Тасовири видеоӣ аз мизбонии арабҳои чифяпӯш (сарбанд) ва пойкӯбии онон бо хохомҳои саҳюнист, ки бо оҳанги ҷараёни динии ҳасидӣ, яке аз бузургтарин макотиби динии яҳудиён ҳамроҳ буд, дар расонаҳои иҷтимоӣ боргузорӣ шуд ва ба суръат интишор ёфт.
Ба гузориши шабакаи хабарии саҳюнистии “Арутз Шива” (Шабакаи 7), маросими ҷашни “Ҳануко” дар Манома шомгоҳи шанбе бо ҳузури аъзои ҷомеаи яҳудиёни саҳюнистӣ ва ба созмондеҳии як миллионери яҳудитабори амрикоӣ баргузор шуд.
Баҳрайн кишвари кӯчаки арабии ҳошияи халиҷи Форс, як миллиону 300 ҳазор нафар ҷамъият дорад, ки ба гузориши расонаҳои Исроил ҳудуди 50 нафар аз ононро яҳудиён ташкил медиҳанд.
Подшоҳи Баҳрайн нахустин бор дар соли 2015 мелодӣ маросими ҷашни “Ҳануко”-ро дар ин кишвар баргузор кард ва гуфт, лозим аст ҳамаи раҳбарони динӣ ба таври воҳид, ҷанг алайҳи терроризмро хостор шаванд. Вай гуфт: “Ин ҷо дар Баҳрайн, пайравони ҳамаи адён бидуни ҳар гуна ҳарос зиндагӣ мекунанд ва мо ҳамчунон ба яҳудиён иҷоза хоҳем дод бо оромиш ва осудагӣ дар ин кишвар зиндагӣ кунанд ва бидуни ҳеҷ тарсе сабки зиндагӣ, суннат ва оини динии худро ба ҷо оваранд”.
Ин изҳороти подшоҳи Баҳрайн хашми фаъолони ҳуқуқи башар дар ин кишварро барангехт.