Октябр 24, 2023 20:03 Asia/Dushanbe
  • Тафсир-Мухолифати шадиди Амрико бо оташбас дар Ғазза

Амрико ба унвони муттаҳиди стротежии режими саҳюнистӣ на фақат ба ироаи анвоъи кумакҳои таслеҳотӣ ба ин режим барои ҳамла ба Борикаи Ғазза пардохта, балки бо оташбас дар ҷанги хунини кунунӣ ба баҳонаҳои воҳӣ(беасос) башиддат ба мухолифат пардохтааст.

вазъияти Ғазза

Ҷон Кирби, ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдӣ дар Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед бомдоди сешанбе муддаӣ шуд, ки акнӯн замони муносибе барои оташбас дар Навори Ғазза нест. Кирби бо таъкиди ғайримустақим бар лузӯми идома доштани куштори мардуми Навори Ғазза тавассути режими муваққати саҳюнистӣ, иддао кард, ки Тел Авив ҳаққи дифо аз худ ва ҳадаф қарор додани сарони Ҳамосро дорад. Вай ҳамчунин афзуд: «Мо ба ҳимоят аз Исроил идома хоҳем дод ва тамаркузи мо бар ин аст, ки мутмаин шавем, ончиро ки барои идомаи ҷанг ниёз дорад, дар ихтиёр дорад».

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико низ рӯзи душанбе зимни радди оташбас дар Ғазза, иддао карда буд, ки ҳар гуна оташбас ба Ҳамос ин фурсатро медиҳад то барои идомаи ҳамлоташ алайҳи режими террористи саҳюнистӣ ба таҷдиди қуво бипардозад.

Баъд аз амалиёти «Тӯфон Ал Ақсо» тавассути Ҳамос ва соири гуруҳҳои муқовимат дар Ғазза алайҳи режими саҳюнистӣ дар 7 октябр, ки мунҷар ба ҳалокати ҳаддиақал 1500 саҳюнисту захмӣ шудани наздик ба 5000 нафар аз онҳо шуд, кабинаи режими ишғолгари Қудс дастури оғози ҳамалоти густарда ба Навори Ғаззаро содир кард. Тибқи оморҳои вазорати беҳдошти Фаластин, теъдоди қурбониёни таҷовузоти ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ  ба мардум дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ба беш аз 5 ҳазор шаҳиду ҳудӯди 15 ҳазор маҷрӯҳ расидааст. Акнӯн вазъияти Ғазза фавқи буҳронӣ аст ва режими саҳюнистӣ бо таваҷҷӯҳ ба ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Вашингтон аз иқдомоти ҷинояткоронааш ба ҷои коҳиши ҳамалот дар чанд рӯзи гузашта ба афзоиши қобили таваҷҷуҳи бомбаборони манотиқи мухталифи Навори Ғазза пардохтааст. Ҳамос рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, сӯхти тамоми бемористонҳои Ғазза тамом шуда ва афзуд, кумакҳое, ки дар ду рӯзи гузашта вориди ин минтақа шуда барои рафъи ниёзҳои мардум кофӣ нест.

Акнӯн Иёлоти муттаҳида дар иқдоме дар ростои ҳимоят аз Исроил пешнависи қатъномаеро ироа карда, ки зимни маҳкӯм кардани Ҳамос аз иқдомоти режими саҳюнистӣ ба баҳонаи дифо аз худ ҳимоят шудааст. Дар ин пешнавис Амрико хостори оташбас ё оташбаси башардӯстона дар Ғазза нест ва дар он амалиёти Тӯфони Алақсо аз сӯи Ҳамос ба унвони ҳамалоти террористӣ, муаррифӣ шуда ва Вашингтон хостори фишор бар Ҳизбуллоҳ ва гуруҳҳои муқовимат барои таваққуфи ҳамалот шудааст. Давлати Байден бо ироаи ин қатънома дар воқеъ нияти воқеии худ, яъне куштори ҳарчӣ бештари фаластиниҳо бо мухолифат бо оташбас ва ҳимоят аз ҳар гӯна иқдомоти зиддибашарӣ ва ҷинояткоронаи Исроил ба баҳонаи дифо аз худро ба намоиш гузоштааст. Дмитрий Полянский, муовини аввали намояндаи доими Русия дар Созмони милал рӯзи душанбе гуфт: Пешнависи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид тавассути Амрико дар бораи муноқишаи Фаластину Исроил пурсишҳои бисёреро матраҳ мекунад.

 

Барчасп