Октябр 24, 2023 22:07 Asia/Dushanbe
  • Даргириҳои шадиде дар нуқоти марзии Лубнону арозии ишғолӣ
    Даргириҳои шадиде дар нуқоти марзии Лубнону арозии ишғолӣ

Манобеи фаластинӣ аз азсаргирии даргириҳои марзӣ миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва артиши режими саҳюнистӣ хабар доданд.

Ба гузориши расонаҳои фаластинӣ, сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, як мушаки зиддизиреҳ аз ҷануби Лубнон ба самти шаҳраки саҳюнистнишини Шатуло дар шимоли Фаластини ишғолӣ шиллик шудааст.

Дар пайи ин рухдод, ҳавопаймоҳои режими саҳюнистӣ шаҳраки Кафаршубо дар ҷануби Лубнонро ҳадаф қарор доданд.

Хабарнигори “Алҷазира” ҳам эълом кард, ҳавопаймоҳои режими саҳюнистӣ атрофи шаҳраки Кафаршубо дар ҷануби Лубнонро бо ду мушак ҳадаф қарор доданд.

Дар рӯзҳои ахир даргириҳои шадиде дар нуқоти марзии Лубнону арозии ишғолӣ рух додаву тайи он шуморе аз неруҳои Ҳизбуллоҳ ба шаҳодат расидаву низомиёни саҳюнист низ талафоти ҷонии зиёде доштаанд.

 

Барчасп