Октябр 27, 2023 18:36 Asia/Dushanbe
  • 110 фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ ба шаҳодат расиданд
    110 фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ ба шаҳодат расиданд

Манбаи хабарӣ теъдоди охирин шаҳидон ва захмиёнро дар Каронаи бохтарии рӯдхонаи Урдун аз оғози набардҳои “Тӯфони Алақсо эълом кард.

Ба гузориши шабакаи “Алҷазира”, Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки бар асари таҷовузи режими саҳюнистӣ аз оғози набардҳои “Тӯфони Алақсо” 110 фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ ба шаҳодат расиданд.

Вазорат ҳамчунин эълом кард, ки 1900 фаластинии дигар дар Каронаи бохтарӣ маҷруҳ шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, субҳи имрӯз (ҷумъа) артиши Исроил 11 нафарро дар Байтулаҳм, 6 нафарро дар Наблус ва 16 нафарро дар Алхалил, аз ҷумла як занро боздошт кард.

Вазорати тандурустии Ғазза дар баёнияе эълом кард, ки бар асари таҷовузи режими ишғолгари саҳюнистӣ дар Ғазза 7 ҳазору 28 фаластинӣ дар ин садама шаҳид шудаанд.

Вазорати тандурустии Ғазза ҳамчунин афзуд, дар миёни шаҳидон 2 ҳазору 913 кӯдак, 1 ҳазору 709 зан ва 397 пиронсол ҳастанд.

Вазорат ҳамчунин эълом кард, ки 1650 гузориши гумшуда, аз ҷумла 940 кӯдак дар зери харобаҳо дарёфт кардаанд.

 

Барчасп