Октябр 28, 2023 10:31 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати беш аз 100 фаластинӣ дар ҳамлаҳои шаби гузашта ба Ғазза

Ҳамзамон бо оғози амалиёти маҳдуди заминии артиши Исроил дар амалиёти нуфузи шабона ба Ғазза беш аз 100 ғайринизомии аҳли Ғазза тайи бомбаборони артиши саҳюнистӣ аз шаби гузашта то субҳи имрӯз ба шаҳодат расидаанд.

Ба гузориши рӯзи шанбеи Алмаёдин, омори шуҳадои Фаластин аз оғози таҷовузи ҳавоии артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза афзоиш ёфтааст.

 Бар асоси ин гузориш, беш аз ҳафт ҳазору 100 фаластинӣ дар ҷараёни ин ҳамалот то кунун ба шаҳодат расидаанд ва 18 ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд.

 Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард , шуҳадои фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ аз таърихи 7 октябр то кунун ба 110 шаҳид ва беш аз 1 900 захмӣ афзоиш ёфтааст.

Ҳилоли аҳмари Фаластин дар навори Ғазза низ ҳушдор дод: Мо дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа бо як фоҷиаи беҳдоштӣ рӯ ба рӯ ҳастем чаро, ки фаластиниҳо маҷбур ҳастанд оби ошомидании носолим масраф кунанд.

Сухангӯи ниҳоди дифоъи мадании Ғазза ҳам эълом кард, теъдоди фаластиниҳое, ки зери овори ҳамалоти ҳавоии ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ мондаанд ,беш аз 1 600 тан ҳастанд.

 Амалиёти тӯфони ал-Ақсо дар ҳоле вориди бисту дувумин рӯз шудааст, ки хабарҳо аз ташдиди ҳамалоти ваҳшёнаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза аст ва ҳамакнун ин минтақа аз замину осмон зери бомбаборони силоҳҳои маргбори режими апартайд қарор дорад.

 

Барчасп