Ҳамлаи муътаризони хашмгин ба ҳавопаймои исроилӣ дар фурудгоҳи Доғистон
Парвоз аз Тел Авив ба Доғистони Русия ба далели таҷаммуъи муътаризони зидди исроилӣ маҷбур ба тағйир масир шуд.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Таймс Исроил, ҳуҷуми муътаризони тарафдору ҳомии Фаластин ба фурудгоҳи Доғистони Русия боис шуд, то ҳавопаймои Исроил масири худ барои фурӯдро тағйир диҳад.
Тибқи гузориши канали 12 режими саҳюнистӣ, ҳавопаймои исроилӣ дар фурудгоҳи дигаре фурӯди омада, аммо дар онҷо низ бо шӯриш ва хашми шаҳрвандон мувоҷеҳ шуд.
Ин гузориш мегуяд, ба мусофирони исроилӣ дастур дода шуд то дар дохили ҳавопаймо бимонанд ва полиси зиддишӯриш барои муҳофизат аз онҳо ба маҳали ҳодиса фарохонда шуд.
Филмҳо нишон медиҳад, ки муътаризон пас аз иттилоъ аз парвози вурӯдӣ аз Тел Авив, дар терминали фурудгоҳ таҷаммуъ карданд ва алайҳи бомбаборони Ғазза шиор доданд.
Бештар бихонед: