Ноябр 07, 2023 18:54 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Сафари нахуствазири Ироқ ба Теҳрон дар миёнаи буҳрони Ғазза

Муҳаммад Шиёъ Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ субҳи рӯзи душанбе ба Теҳрон, сафар ва бо раисиҷумҳур ва мақоми муаззами раҳбарӣ дидор ва ройзанӣ кард.

Муҳаммад Шиёъ Ал Судонӣ барои сеюмин бор ба унвони нахуствазири Ироқ ба Теҳрон сафар кард. Сафар вай ба Теҳрон аз чанд ҷиҳат мутафовит ва ҳоизи аҳаммият аст.

Ин сафар танҳо чанд соат пас аз сафари вазири хориҷаи Амрико ба Ироқ анҷом шуд. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Иёлоти муттаҳида шаби якшанбе бо Муҳаммад Шиёъ Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ дар Бағдод дидор кард.

Вазири хориҷаи Амрико пеш аз ин барои ширкат дар нишасти Уммон дар бораи таҳаввулоти Ғазза бо ҳузури вузарои хориҷаи бархе кишварҳои арабӣ ба Урдун рафта буд. Блинкен пеш аз Урдун низ барои дуюминбор аз замони оғози ҷанги режими саҳюнистӣ ва Ҳамос ба Тел Авив рафта буд.

Ба назар мерасад, Шиёъ Ал Судонӣ дар сафар ба Теҳрон ҳомили паёмҳое аз ҷониби Амрико аст. Аз оғози ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза як моҳ мегузарад. Бо таваҷҷуҳ ба ҳимояти Амрико аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, гурӯҳҳои муқовимати ироқӣ низ пойгоҳҳои Амрикоро дар Ироқ ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор доданд. Амрикоиҳо бар ин бовар ҳастанд, ки гуруҳҳои муқовимати ироқӣ таҳти нуфӯзи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд ва ба назар мерасад, ки аз Шиёъ Ал Судонӣ хоста то давлати Эронро мутақоъид кунад, ки гуруҳҳои ироқӣ алайҳи пойгоҳҳои амрикоӣ иқдом накунанд. Мавзӯе, ки албатта Ҷумҳурии Исломии Эрон онро рад мекунад, чаро ки асосан “Тӯфони Ал Ақсо” нишон дод, гуруҳҳои муқовимат бозигароне мустақил ҳастанд.

Нуктаи дигар инки сафари Шиёъ Ал Судонӣ ба Теҳрон дар миёнаи фоҷеъаи Ғазза анҷом шуд. Режими саҳюнистӣ аз як моҳи гузашта токунӯн Ғаззаро таҳти бомбаборони дадманишона қарор дода, ба наҳве, ки токунӯн ҳудӯди 9 ҳазору 800 нафар ба шаҳодат расиданд, ки беш аз 4 ҳазор нафар аз онҳо кӯдак ҳастанд. Давлати Ироқ аз ҷумлаи давлатҳои арабӣ аст, ки расман ҷинояти саҳюнистҳоро маҳкӯм кардааст. Нахуствазири Ироқ дар иҷлоси Қоҳира дар бораи буҳрони Ғазза танҳо раҳбари арабӣ буд, ки аз вожаи Исроил истифода накард ва аз иқдомоти ин режим дар Ғазза интиқод кард.

Ба таври куллӣ, ҳамкории Эрону Ироқ дар мавзуоти мухталифи минтақаӣ, аз ҷумла дар буҳрони кунӯнии Ғазза, метавонад вазнаи муқовиматро дар муқобили мухолифонаш афзоиш диҳад ва дар айни ҳол суботу амнияти бештареро барои минтақаи Ғарби Осиё дар пай дошта бошад.

 

Барчасп