Ноябр 09, 2023 11:52 Asia/Dushanbe
  • Миёнҷигарии Қатар барои оташбас дар Борикаи Ғазза
    Миёнҷигарии Қатар барои оташбас дар Борикаи Ғазза

Як манбаи наздик ба ҷумбиши Ҳамос аз миёнҷигарии Қатар барои барқарории оташбас дар Ғазза хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, як манбаи наздик ба ҷумбиши Ҳамос рӯзи панҷшанбе гуфт, музокирот бо режими саҳюнистӣ бо миёнҷигарии Қатар дар хусӯси барқарории оташбаси се рӯза дар эзои озодии 12 асир, ки ними аз онҳо Амрико ҳастанд, дар ҷараёнаст.

Пештар « Абу Убадаҳ » сухангӯи ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) гуфта буд, теъдоди усарои саҳюнист дар Ғазза наздик ба 250 нафар ҳастанд, ки 200 нафари онҳо назд Алқасом ва  бақия низ назд дигари гурӯҳҳои муқовимат ҳастанд.

Узви Ҳамос гуфт, пешрафт дар ин музокирот ба муддати замони оташбас ва  вазъияти шимоли навори Ғазза, ки шоҳиди амалиёти ҷангии густардааст,  бастагӣ дорад.

Душанбеи гузашта, хониводаҳои усарои саҳюнист дар Ғазза муқобили парлумони режими саҳюнистӣ ( Кнессет ) таҷаммӯъ карда ва  хостори озодии фарзандонашон шуданд.

Хониводаҳои усарои саҳюнисти дар ин тазоҳурот аз Бинямин Натанияҳу,  нахуст вазири ин режим хостанд то ҳар чӣ зудтар ҷангро мутаваққиф ва барои табодули усаро иқдом кунад.

Барчасп