Ноябр 14, 2023 12:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба пойгоҳи низомиёни саҳюнист

Ҳизбуллоҳ, пойгоҳи низомиёни саҳюнист дар марзи Фаластини ишғолӣ бо Лубнонро ҳадафи ҳамла қарор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алҷазира, размандагони ҷунбиши муқовимати исломии Лубнон дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар борикаи Ғазза пойгоҳи Алмоликияро, ки душмани исроилӣ дар ҳоли тақвияти он аст, бо силоҳҳои муносиб ҳадаф қарор дод.

 Пеш аз ин ҳам нируҳои Ҳизбуллоҳ бо мушакҳои ҳидоятшавандаи зидди тонк нируҳои пиёданизоми артиши режими саҳюнистӣ дар наздикии қароргоҳи Бироният, воқеъ дар марзи Лубнон ва Фаластини ишғолиро ҳадаф қарор дода буданд.

Бар пояи ин гузориш дар муқобил артиши режими саҳюнистӣ низ муддаӣ шуд, ки аҳдофи мутааллиқ ба Ҳизбуллоҳи Лубнонро дар ҷануби ин кишвар ҳадаф қарор додааст.

Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзҳои ахир ва дар пайи ҷиноёти даҳшатноки режим саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва ба хоку хун кашида шудани шумор зиёде аз фаластиниҳо дар ин шаҳр, мавозеъи низомии ин режимро дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ ҳадаф қарор дода; мавзӯе, ки сабаби ҳарос саҳюнистҳои шаҳракнишин дар ин манотиқ шудааст.

Артиши режими саҳюнистӣ низ тайи рӯзҳои гузашта манотиқи марзи Лубнонро ҳадафи ҳамалоти тӯпхонаӣ қарор додааст.

 То кунун даҳҳо ҳазор саҳюнист аз тарси ҳамалоти муқовимат аз шаҳракҳои марзи Лубнон хориҷ шудаанд.

 

Барчасп