Декабр 31, 2016 17:34 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши беэътимодии хонаводаи низомиёни саҳюнист ба Натаняҳу

Кобинаи амниятии режими саҳюнистӣ нахустин бор тайи дусоли гузашта, парвандаи низомиёни асири саҳюнистӣ дар Ғазза ва роҳҳои бозгардондани ононро баррасӣ мекунад.

Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, нишасти Кобинаи амниятии режими саҳюнистӣ барои баррасии вазъияти низомиёни асири саҳюнистӣ, дар пайи афзоиши беэътимодии хонаводаҳои ин асироон ба Бенямин Натаняҳу, нахуствазири ин режим баргузор мешавад.

Шабакаи дуи телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, таниш миёни хонаводаҳои низомиёни асири саҳюнистӣ ва мақомоти исроилӣ пас аз имзои тавофуқи оддисозии равобит байни Тел Авив ва Анкара бидуни ин, ки ишорае ба масъалаи низомиёни асир шавад, ташдид шуд.

Ин шабакаи саҳюнистӣ таъкид кард, ки Кобинаи режими саҳюнистӣ тадобири вижае барои эъмоли фишор бар Ҷунбиши Ҳамос бо ҳадафи озодии низомиёни асири исроилӣ иттихоз хоҳад кард.

Пеш аз ин, Мишер ал Мисрӣ аз аъзои аршади Ҷунбиши Ҳамос таъкид кард, танҳо дар сурати таҳаққуқи шартҳои эълом шуда аз сӯи ин ҷунбиш ҳозир аст асирони исроилиро озод кунад.

Баталионҳои шаҳид Изуддин Қасом, шохаи низомии Ҷунбиши муқовити исломии Фаластин (Ҳамос) апрели гузашта аз асорати чаҳор низомии режими саҳюнистӣ дар Ғазза хабар дод.

 

Барчасп