Ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон
(last modified Thu, 16 Nov 2023 05:36:46 GMT )
Ноябр 16, 2023 10:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон
    Ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон

Расонаҳои маҳалӣ аз ҳамалоти ҳавоии артиши режими саҳюнистӣ ба чанд нуқта дар ҷануби Лубнон ва наздики марзи шимоли Фаластини ишғолӣ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ҷангандаҳои ишғолгарони саҳюнистӣ ба манотиқе дар ҷангалҳои « Аллабунаҳ » дар ҷануби Алноқураҳи Лубнон ҳамла карданд.

Бинобарин эъломи манобеи арабӣ, тӯпхонаи саҳюнистӣ ҳамчунин аҳдофе дар шимоли минтақаи « Алҳамомс » ба самти шаҳраки « Алхаём »ро ҳам гулӯла борон карданд.

Дар ин гузориш омадааст, саҳюнистҳо Ҳумаи шаҳраки « Ҳуло » воқеъ дар ҷануби Лубнонро ҳадафи ҳамалоти паҳподӣ қарор доданд.

Ҳизбуллоҳ ҳам эълом кард, ки бо ташдиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза дар чандини маврид аз мӯшакҳои « баркон » зиддӣ мавозиъи артиши режими саҳюнистӣ истифода кардааст.

Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзҳои ахир ва дар паии ҷиноёти ҳавлноки режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва ба хок ва хӯн кашида шудани шумори зиёде аз фаластиниҳо дар ин шаҳ. мавозиъи низомии ин режимро дар шимоли сарзаминҳои ишғолии ҳадаф қарор дода, мавзӯъе, ки сабаби ҳароси саҳюнистҳои шаҳракнишин дар ин манотиқ шудааст.