Ноябр 17, 2023 17:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза
    Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ шарқи Хон - Юнусро бомбаборон карданд. Ҳамзамон бо ин бомбаборон садои даргириҳои шадиде ҳам дар ин минтақа шунида шудааст.

Ба гузориши Алмаёдин, дар ҳоле ки интернету иртиботот дар Ғазза ҳамчунон қатъ аст, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ шарқи Хон - Юнусро бомбаборон карданд.

Аз сӯи дигар, бар асари бомбаборони урдӯгоҳи Аннасирот беш аз 20 нафар шаҳид шудаанд. Дар ҷараёни ҳамла ба шарқи гузаргоҳи Рафаҳ ҳам шуморе захмӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки низомиёни режими саҳюнистӣ дар дохили бахшҳои бемористони Шифо гашт мезананду бомба дар дохили он мунфаҷир карданд. Низомиёни саҳюнист монеъ аз дору ва бонки хуну ғизо ба бемористони Шифо мешаванд. Ишғолгарон бемористони Шифоро дар муҳосира доранду тонкҳои режими саҳюнистӣ дар имтидоди хиёбони Алваҳда ҳастанд.

Аз сӯи дигар, даргириҳое дар атрофи бемористони Алмаъмадони гузориш шудаву авзоъ дар он бисёр душвор ва хатарнок аст.

Манобеи хабарӣ аз авзои хатарноки садҳо маҷруҳ дар бемористони индонезӣ ба иллати набуди дармону дору хабар доданд.

Ҳамзамони манобеи хабарӣ эълом карданд, ки бисёре аз хонаводаҳо аз сарнавишти фарзандони худ аз замони ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза хабаре надоранд.

Хабари дигар ин ки тӯпхонаи режими саҳюнистӣ манозили шаҳрвандонро дар наздикии гӯристони Алфолуҷо, дар шимоли Ғазза гулӯлаборон кард.

Аз сӯи дигар, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ имрӯз манзили Холид Абуҳилол, дабири кулли Ҷумбиши аҳрори Фаластин дар маҳаллаи шайх Ризвон дар Ғаззаро бомбаборон карданд.

 

Барчасп