Ноябр 21, 2023 12:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори шаҳидони Ғазза ба 13 ҳазору 300 нафар

Дафтари иттилоърасонии давлат дар навори Ғазза эълом кард: Шумори шаҳидони таҷовузи режими саҳюнистӣ ба ин минтақа ба 13 ҳазору 300 нафар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ин дафтар рӯзи душанбе афзуд: Аз маҷмӯъи ин шаҳидон 5 ҳазору 600 тан кудак ва 3 ҳазору 550 зан ҳастанд ва шумори шуҳадои кодри дармонӣ иборат аз пизишк, парастор ва имдодгар ба 201 нафар ва неруҳои оташнишон 22 нафар ва шумори рӯзноманигорони шаҳид низ ба 61 нафар расидааст.

 Бар асоси охирин омор шумори афроди нопадидшуда, ки ҳамчунон дар зери овор ё пайкарҳояшон дар хиёбонҳо мондааст ва ишғолгарон монеъи дафни онҳо мешаванд ба 6 ҳазору 500 нафар расидааст, ки аз ин маҷмӯъ 4 ҳазору 400 зан ва кӯдак ҳастанд.

 Ҳамчунин шумори захмиҳо беш аз 31 ҳазор нафар эълом шудааст.

 Режими апартайди саҳюнистӣ ҳамчунон ба ҳамалот алайҳи бемористонҳо ва манотиқи маскунӣ идома медиҳад ва амалиёти наслкушӣ алайҳи миллати муқовими Фаластинро дар дастури кори худ қарор додааст.

 

Барчасп