Ноябр 22, 2023 10:17 Asia/Dushanbe
  • Эъломи оташбаси 4 рӯза дар Ғазза

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар баёнияе эълом кард, пас аз музокироти сахту печида ва тӯлонӣ, эълом мекунем, ба ёрии Худованди мутаъол ва талошҳои зиёди тарафи қатарӣ ва мисрӣ ба тавофуқи оташбаси инсондӯстона ( оташбаси муваққат) ба муддати 4 рӯз даст пайдо кардем.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ҷумбиши Ҳамос дар идомаи баёнияи худ мафоди ин тавофуқро эълом кард, ки бар асоси он, даргириҳо аз сӯи ду тараф, фаъолиятҳои низомии артиши режими саҳюнистӣ дар ҳамаи манотиқи Ғазза ва низ ҷо ба ҷоии худравҳои зиреҳии ин режим дар Ғазза мутаваққиф хоҳад шуд.

Бар асоси ин тавофуқ, садҳо мошини боркаши вижа ҳомили кумакҳои башардӯстона, дармонӣ ва сӯхт вориди ҳамаи манотиқи Ғазза бидуни истисно хоҳад шуд.

Ҳамос афзуд, 50 асири зану кӯдаки исроилии зери 19 сола дар муқобили 150 зан ва кӯдаки зери 19 солаи фаластинӣ бар асоси савобиқи асорат озод хоҳанд шуд.

Дар идомаи ин тавофуқ омадааст, ҳамалоту парвози ҷангандаҳо ва ҳавопаймоҳои режими саҳюнистӣ тайи чаҳор рӯзи оташбас дар ҷануби Ғазза ва дар шимоли Ғазза низ ба муддати 6 соат аз соати 10 субҳ то 4 баъд аз зуҳр мутаваққиф хоҳад шуд.

Ҳамос таъкид кардааст, ки тайи давраи оташбас режими ишғолгар мутааҳҳид шудааст, ки ба ҳеҷ фарде дар ҳамаи манотиқи Навори Ғазза таарруз ва ҳамла накунад ва мардум озодии убӯр аз шимоли Ғазза ба самти ҷануб дар имтидоди хиёбони Салоҳиддинро хоҳанд дошт.

Дар поёни баёнияи Ҳамос омадааст: Дар ҳоле, ки мо расидан ба як тавофуқи оташбасро эълом мекунем, таъкид мекунем, ки дастони мо рӯи моша боқӣ хоҳад монад ва гурдонҳои пирӯзи мо омодаи дифо аз миллати мо ва шикасти ишғолгарон ҳастанд.

 

Барчасп