Бомбаборони бемористони Камол Адвон аз сӯи ҷангандаҳои Исроил
Ҷангандаҳои артиши режими ишғолгари Қудс бемористони Камол Адвон дар шимоли борикаи Ғаззаро шадидан бомбаборон карданд.
Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Аҳмад Алкаҳлут, мудири бемористони Камол Адвон дар шимоли борикаи Ғазза гуфт, авзоъ дар ин бемористон фоҷеабор аст ва хонаҳои муҷовири ин бемористон ҳам аз сӯи артиши режими саҳюнистӣ мавриди ҳамла қарор мегиранд.
Мудири бемористони Камол Адвон афзуд, аз шаби гузашта то кунун ҳудуди 60 шаҳид ба ин бемористон мунтақил шуда ва ҳамакнун наздик ба 200 маҷрӯҳу бемор дар бемористон бистарӣ ҳастанд ва сӯхти лозим барои идомаи кори генераторҳо вуҷуд надорад.
Ин пизишки фаластинӣ бо баёни ин ки ниёзманди ирсоли тимҳои дармониву таҷҳизоти пизишкӣ ба бемористон ҳастем, таъкид кард, режими саҳюнистӣ бояд таҳти фишор қарор гирад то бемористонҳоро бомбаборон накунад ва иҷоза диҳад имдодрасонӣ ба маҷруҳон сурат гирад.
Имрӯз бо идомаи ҳамалоти ишғолгарон барои чиҳилу ҳафтумин рӯзи мутаволӣ зидди сокинони борикаи Ғазза, манобеи пизишкӣ аз шаҳодати 41 фаластинӣ ва мафқуд шудани даҳҳо нафари дигар хабар доданд.
Аз оғози набарди “Тӯфони Алақсо” ( 7 октябр ) то кунун 14 ҳазору 128 нафар, аз ҷумла 5 ҳазору 840 кӯдак ва 3 ҳазору 920 зан дар Ғазза шаҳид шудаанд ва беш аз 6 ҳазору 800 нафар мафқуд ҳастанд ё зери овор мондаанд.
Шумори маҷруҳон ҳам аз 33 ҳазор нафар фаротар рафта, ки беш аз 75 дарсади онҳо зану кӯдак ҳастанд.