Ноябр 22, 2023 20:54 Asia/Dushanbe
  • Амрикоиҳо дар ду ҳамлаи ҷудогона мавозеи неруҳои муқовимату Ҳашдушшаъбиро ҳадаф қарор доданд
    Амрикоиҳо дар ду ҳамлаи ҷудогона мавозеи неруҳои муқовимату Ҳашдушшаъбиро ҳадаф қарор доданд

Манбаи расонаӣ эълом кард, дар ҳамлаи ҳавоии артиши Амрико ба ҷануби Бағдод панҷ нафар аз неруҳои муқовимату “Ҳашдушшаъби” шаҳид шуданд.

Ба гузориши шабакаи “Алмаёдин”, дар ҳамлаи ҳавоии бомдоди рӯзи чаҳоршанбеи Амрико ба минтақаи Ҷарфуннаср, дар ҷануби Бағдод панҷ нафар аз неруҳои муқовимату Ҳашдушшаъби (неруи басиҷи мардумӣ) ба шаҳодат расиданд.

Ин хабар дар ҳолест, ки бархе манобеи расонаӣ аз афзоиши шумори шуҳадои ин ҳамла ба ҳашт нафар хабар доданд.

Вазорати дифои Амрико (Пентагон) бо судури баёнияе дар хусуси ин ҳамла эълом кард, неруҳои Ситоди фармондеҳии марказии Амрико (Сентком) дар ду ҳамлаи ҷудогона мавозеи неруҳои муқовимату Ҳашдушшаъбиро дар минтақаи Ҷарфуннаср, дар вилояти Бобул ҳадаф қарор доданд.

Пентагон муддаӣ шуд, дар ин ҳамла, ки дар посух ба ҳамла бо мушакҳои боллистики кӯтоҳбурд ба пойгоҳи Айнуласади Амрико дар рӯзи гузашта (сешанбе) анҷом шуд, шуморе аз неруҳои муқовимату Ҳашдушшаъби кушта ё захмӣ шуданд.

Бо вуҷуди анҷоми чандини даври музокираи роҳбурдӣ миёни Бағдод ва Вашингтон барои поён додан ба ҳузури низомии Амрико дар Ироқ ба далели поёни набард бо ДИИШ ва низ тасвиби тарҳи ихроҷи ҳамаи низомиёни хориҷӣ аз хоки Ироқ дар порлумони ин кишвар, Амрико ҳанӯз бо нақзи ин мусавваба дар хоки Ироқ ҳузур дорад.

 

Барчасп