Посухи муқовимат ба ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза
Манбаи расонаӣ аз ҳамлаи ракетии муқовимати Фаластин ба шаҳракҳои саҳюнистнишини муҷовири Борикаи Ғазза дар посух ба аз саргирии таҷовуз ба ин борика хабар дод.
Ба гузориши шабакаи хабарии Ал Маёдин, дар ҳамалоти ракетии муқовимати Фаластин ба шаҳракҳои саҳюнистнишин, ожирҳои хатар дар чанд шаҳраки муҷовири Борикаи Ғазза ба садо даромад.
Гурдонҳои шаҳид Иззуддин Ал Қисом, шохаи низомии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) маҳали таҷаммуъи низомиёни артиши режими ишғолгари саҳюнистӣ дар шарқи шаҳраки Могинро бо ракет ҳадаф қарор доданд.
Гурдонҳои Сароёи Ал Қудси шохаи низомии Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ ҳам таҷаммуъи низомиёни режими саҳюнистиро ракетборон кард.
Ҳамзамон манбаи расонаии Фаластин эълом кард, ки артиши режими саҳюнистӣ чанд бурҷ дар дар ғарби Хон Юнус воқеъ дар ҷануби Борикаи Ғаззаро бомбаборон кард.
Дар ин гузориш омадааст, дар пайи муқовимати размандагони Фаластин, низомиёни режими ишғолгари Қудс дар нуфӯз ба маҳаллаи Ал Зайткн дар Ғазза ноком монданд.
Ҳамчунин телевизиони Фаластин гузориш дод, бар асари бомбаборони сохтумон дар урдӯгоҳи Ҷаболё, ки оворагони фаластинӣ дар он паноҳ гирифта буданд, беш аз 100 нафар ба шаҳодат расиданд.