Декабр 05, 2023 16:01 Asia/Dushanbe
  • Овозапароканиҳо бахше аз дурӯғсозии мошини таблиғотии душман алайҳи Ҳамос аст
    Овозапароканиҳо бахше аз дурӯғсозии мошини таблиғотии душман алайҳи Ҳамос аст

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) иқдоми расонаҳои ғарбӣ дар таблиғи дурӯғҳои режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғаззаро маҳкум кард.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, Ҷумбиши Ҳамос бо судури баёнияе дар вокуниш ба идомаи дурӯғпардозиҳои режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни он зидди муқовимат, бо ҳадафи тавҷеҳи ваҳшигарии ин режим алайҳи ғайринизомиён дар навори Ғазза эълом кард, режими ишғолгари Қудс ба дунболи интишори овозаҳои дурӯғ аст то тасвири воқеие, ки ҷаҳон аз рафтори размандагони муқовимат бо асирон дидааст, пинҳон кунад.

Баёнияи Ҳамос меафзояд, ин овозапароканиҳо бахше аз дурӯғсозии мошини таблиғотии душман аст, ки кизб иддаоҳои он, ба вижа иддаои сар буридани кӯдакон ва ҳадаф қарор додани саҳюнистҳо дар ҷашнвораи мусиқии Раим ва ё истифода аз бемористони Шифо барои аҳдофи низомӣ комилан собит шудааст.

Ҳамос аз ҳамаи расонаҳо хост то дар доми дурӯғҳову таблиғоти муғризонаи ишғолгарон науфтанд ва қабл аз интишори ҳар матлабе аз сиҳҳати иттилооти он итминон ҳосил кунанд.

 

Барчасп