Декабр 08, 2023 18:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳусайн Арнус, нахуствазири Сурия ба Теҳрон меояд
    Ҳусайн Арнус, нахуствазири Сурия ба Теҳрон меояд

Муовини умури сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз сафари нахуствазири Сурия ба Теҳрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Ҷамшедӣ, муовини умури сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Ҳусайн Арнус, нахуствазири Сурия асри имрӯз - ҷумъа ба даъвати Муҳаммади Мухбир, муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар садри ҳайате баландпоя ба Теҳрон меояд.

Муовини умури сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Ҳузур дар понздаҳумин иҷлоси кумитаи олии муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар Теҳрон ва дидор бо раиси ҷумҳур, раиси маҷлис ва дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон аз ҷумлаи барномаҳои сафари серӯзаи Ҳусайн Арнус, нахуствазири Сурия ба Теҳрон аст.

Гуфтанӣ аст, ҳамкориҳои густардаи иқтисодӣ дар заминаҳои гумрукӣ, бонкӣ, эҷоди манотиқи тиҷории муштарак, гардишгарӣ, энержӣ ва таъмини барқ аз ҷумлаи заминаҳое аст, ки дар ин сафар тавассути ҳайатҳои олирутбаи Эрон ва Сурия мавриди баррасӣ қарор гирифта ва амалӣ мешавад.

 

Барчасп