Декабр 08, 2023 20:26 Asia/Dushanbe
  • Ироқ баъд аз 3.5 сол ҷанг соли 2017 бар гуруҳи террористии ДИИШ пирӯз шуд
    Ироқ баъд аз 3.5 сол ҷанг соли 2017 бар гуруҳи террористии ДИИШ пирӯз шуд

Муҳаммад Шайёъ ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ 10 декабри 2023 (19 озармоҳ) -ро ба муносибати солрӯзи пирӯзӣ бар гуруҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар таътил эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, гуруҳи террористии такфирии ДИИШ дар чаҳоруми июни 2014 юриши густардаеро бо ҳимоятҳои минтақаиву ҷаҳонӣ ба Ироқ оғоз кард ва тавонист шаҳри Мавсилро дар 10 июн ва Тикритро дар 11 июн ишғол карда ва ба суръат беш аз як сеюми Ироқро ба контроли худ дароварад.

Дар пайи ҳуҷуми гуруҳи террористии ДИИШ, ки ба Ироқ анҷом шуд, артиши Ироқ бо фатвои маъруфи оятуллоҳ Сайид Алӣ Систонӣ, марҷаияти олии ин кишвар ва ташкили созмони Ҳашд-уш-Шаъби саранҷом бо фидокориҳои бисёри ҷавонони ироқӣ муваффақ шуд, ки баъд аз севуним соли ҷанг ДИИШ -ро шикаст диҳад ва дар соли 2017 мелодӣ пирӯзӣ бар ин гуруҳи террористиро эълом кунад.

Аз он замон то кунун агарчӣ ҳастаҳои кучаки ДИИШ бо махфӣ шудан дар кӯҳҳо ва манотиқи биёбониву марзӣ, ба хусус устонҳои Найнаво, Аланбор ва Диёла амалиёти террористӣ алайҳи низомиёну ғайринизомиён анҷом медиҳанд, дар муқобил низ неруҳои ироқӣ ба сурати ҳафтагӣ чандин амалиёти поксозӣ дар дастури кори худ доранд.

 

 

Барчасп