Декабр 09, 2023 20:01 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми бомбаборони Ғазза аз сӯи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ

Манбаи расонаӣ, аз тадовуми бомбаборони шадиди Борикаи Ғазза аз сӯи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши шабакаи Ал Маёдин, бомбаборони ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза ҳамчунон идома дорад ва бар асари он, шумори зиёде аз фаластиниёни ин минтақа шаҳид ва захмӣ шуданд.

Дар ин гузориш омадааст, шумори зиёде аз захмиҳои Борикаи Ғазза бар асари бомбаборони ин минтақа ба бемористони шуҳадои Ал Ақсо интиқол ёфтанд.

Бар пояи ин гузориш, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ҳамчунон дар ҳоли бомбаборони манотиқи шарқии шаҳри Хон Юнус воқеъ дар ҷануби Борикаи Ғазза ҳастанд.

Дар ин гузориш омадааст, низомиёни режими саҳюнистӣ дар Тал Ал Заътар ва чаҳор мадрисаи оворагон дар урдӯгоҳи Ҷаболиё куштори ҷадиде анҷом доданд.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар ҳамалоти ҷадиди худ ба маркази Ғазза ҳам шуморе аз ғайринизомиёнро шаҳид ва бархе дигарро захмӣ карданд.

 

Барчасп