Муқовимати исломии Ироқ масъулияти ҳамла ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Сурияро бар уҳда гирифт
Декабр 15, 2023 18:00 Asia/Dushanbe
Муқовимати исломии Ироқ панҷшанбешаб бо судури баёнияе масъулияти ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ (пойгоҳи Аттанф) дар ҷануби Сурияро бар уҳда гирифт.
Манобеи хабарӣ рӯзи панҷшанбе аз ҳамла ба пойгоҳҳои низомиёни амрикоӣ дар ҷануби Сурия хабар доданд.
Ба гузориши ИРНА, дар баёнияи муқовимати исломии Ироқ омада, ки паҳподҳои шилликшуда ба ҳадаф исобат кардааст.
Муқовимати исломии Ироқ сешанбешаб низ пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар майдонҳои нафтиву газии "Конико" ва Умар дар шарқи Сурияро ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор дода буд.