Декабр 24, 2023 13:51 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти хониводаҳои асирони саҳюнист дар Тел-Авив
    Тазоҳуроти хониводаҳои асирони саҳюнист дар Тел-Авив

Хониводаҳои асирони исроилӣ рузи шанбе дар эътироз ба ҷадди набудани кабинаи Натаняҳу дар озодкрдни асирон дар Тел-Авив тазоҳурот карданд.

Ба гузориши ИРНА, саҳюнистҳо зидди кабинаи режими саҳюнистӣ ва бетаваҷҷуҳии мақомоти ин режими нисбат ба ҷони асирон эътироз карданд.

Тазоҳуроткунандагон хостори иқдоми фаврии кабинаи саҳюнистӣ барои бозгардондани асирон аз Ғазза шуданд.

Ин дар ҳоле аст ки сухангуи гурдонҳои Иззуддини Алқсом асри шанбе эълом кард ки дар пайи бомбаборони кури Ғазза тавассути артиши саҳюнистӣ иртибот бо маҷмуъаи масъули нигаҳдории панҷ асири саҳюнистро аз дасти додем.

Ҳамос эълом кард ки шарти озодии асирон таваққуфи таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Ғазза аст.

Режими саҳюнистӣ ки бо ҳадафи аз байни бурдани гуруҳҳои муқовимати Фаластин аз ҷумлаи Ҳамос ва озодии асирони худ ба Ғазза лашкаркаши карда буд баъд аз ҳафтаҳо ҷиноят дар ин минтақа ба аҳдоф худ нарасид ва ба музокира бо муқовимат руй оварад.

Зиёдахоҳии Тел-Авив дар барномаи табодули асирон сабаби шикасти музокирот ва дар ниҳоят аз саргерии ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза шуд.

Барчасп