Декабр 27, 2023 11:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати шаш низомии саҳюнист дар 24 соати гузашта

Артиши режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе ба ҳалокати шаш нерӯи худ дар 24 соати гузашта эътироф кард.

Ба гузориши ИРНА, расонаҳои режими саҳюнистӣ изъон кардаанд, ки ба дунболи ҳалокати ин неруҳои артиши ишғолгар, шумори низомиёни ба ҳалокат расида аз ибтидои таҷовузи заминӣ ба Ғазза ба 161 тан афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол шабакаи Алҷазира шомгоҳи сешанбе ба нақл аз артиши режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки ду низомии дигари ин режим шаби гузашта дар ҷараёни амалиёти заминӣ дар ҷануби Ғазза ба ҳалокати расиданд ва се низомии ишғолгари дигар захмӣ шуданд.

Артиши режими саҳюнистӣ аз оғози набарди “Тӯфони Ал Ақсо” ба таври қатрачаконӣ ҳаррӯз асомии шуморе аз куштаҳои низомии худро эълом мекунад.

Ин иқдом ба иллати шумори болои талафоти низомиёни саҳюнист дар ҷанги Ғазза ва тарс аз вокунишҳои бештар дар сатҳи дохилӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ анҷом мегирад.

 

Барчасп