Декабр 28, 2023 18:08 Asia/Dushanbe
  • Паёми хабарнигори фаластинӣ аз Ғазза ба Раҳбари муаззами инқилоб

Хабарнигори фаластинӣ бо ирсоли паёме хитоб ба Раҳбарӣ ва миллати Эрон, аз ҳимояти онон аз ормони Фаластин қадрдонӣ кард.

Ба гузориши Садо ва Симо,хабарнигори фаластинӣ бо ирсоли паёме хитоб ба Раҳбарӣ ва миллати Эрон, аз ҳимояти онон аз ормони Фаластин қадрдонӣ кард.Асроъ Албаҳисӣ-хабарнигори фаластинӣ дар Ғазза гуфтааст: Ман аз рӯйи оворҳои хонаҳои Ғазза, ки ишғолгарон онҳоро вайрон кардаанд ва аз байни хунҳое, ки рехта шуд ва бо иззате, ки ҳамчунон пойдор аст, то ба ҷаҳониён  маънои муқовиматро дар баробари режими ишғолгар нишон диҳад; Режиме, ки комилан барои ҳамаи ҷаҳон ошкор шудааст, ки чеҳраи воқеии натзисм аст, аз инҷо аз Ғазза, Шуморо эй миллате, ки ҳеҷ гоҳ Фаластинро танҳо нагузоштаед, хитоб қарор медиҳам, миллате, ки муҳосира, зулм ва тангноҳои иқтисодиро фақат барои он пазируфт, ки мехост аз Масҷидулақсо дифоъ ва аз миллате ҳимоят кунад, ки ҳама онро раҳо кардаанд. Ба ҳамин иллат ба Шумо дуруд мефиристм. Дар ҳоле ба Шумо дуруд мефиристм, ки қатли оми мо идома дорад. Дар ҳоле ба шумо дуруд мефиристм, ки мумкин аст то замоне, ки ин тасовир ба дасти Шумо бирасад, ман ҳам шаҳид шуда бошам. Шояд аз ин дунё рафта бошам, аммо калимоти ман дар баробари Шумо боқӣ хоҳад монд.

Ба ҳимояти худ аз миллати Фаластин идома диҳед. Онро раҳо накунед. Агар мавзеъгирии дигарон тайи солҳои гузашта монанди мавзеъгирии Эрон дар баробари муқовимат буд, аз муддатҳо пеш озод шуда будем. Аммо Шумо танҳо пуштибони мо ҳастед ва мо ҳам ба танҳоӣ меҷангем ва ба муқовимат идома медиҳем. Албатта Худо бо ҳамаи мост. Ба ҳамин иллат ба Шумо ва ба оятуллоҳ Алии Хоманаӣ-раҳбари муаззам дуруд мефиристам ва дастони Шуморо мефишорам ва орзу мекунам ҳамчунон ва ҳамеша бар ин мавзеъгирии худ собитқадам бимонед. Ғазза ва Фаластин ба ҳама вафодорон ба ормони Фаластин ва Масҷидулақсо ниёз дорад.Ҷонҳои мо гирифта мешавад ва мутассифона хуни мо арзон шудааст. Аммо кофӣ аст, ки ин хун барои худи мо гаронбаҳост ва умедворам Шумо ҳам онро гаронбаҳо бидонед ва ин умеди мо ба Шумост. Ба ҳамин иллат, ба ҳама Шумо дуруд мефиристам. Асроъ Албаҳисӣ афзуд : Агар Худо шаҳодатро насиби ман кунад, орзу мекунам бар мавзеъгирии худ пойдор бимонед ва ҳамчунон ҳомии миллати Фаластин бошед ва ба мо фарзандони мо ва наслҳои оянда, ки парчамро пас аз мо бар дӯш хоҳанд кашид, вафодор бимонед. Ҳамаи мо дар инҷо мубориз ҳастем. Кӯдак мубориз аст, зеро дар ин сарзамин боқӣ монда ва муҳоҷират накардааст. Хабарнигор ҳам мубориз аст, зеро ҳамчунон дар баробари дурбин, микрафон дар даст мегирад ва аз ин сарзамин берун нарафтааст. Пизишк ҳам мубориз аст, зеро ҳамчунон дар утоқи амали ҷарроҳӣ, захмҳоро дармон мекунад, аммо ҳозир ба муҳоҷират нест. Бо инки дар лаҳзоте маҷбур шуд қалби фарзанди худро амал кунад ва қалби ӯ аз тапиш афтод ва пайкари ӯро дафн кард ва ба маҳалли кори худ бозгашт, то ба мубориза идома диҳад. Ҳама мо дар инҷо мубориз ҳастем ва шоистааст, ки ҳамаи ҷаҳон аз мо ҳимоят кунад. Ҳаққи мо бар ҳамаи онон ин аст, ки аз мо пуштибонӣ кунанд. Мо мунтазири вафодорони ин уммат боқӣ хоҳем монд, ҳамон тавр, ки Шумо ба мо вафодор будед. Дуруд бар Шумо!

 

Барчасп