Декабр 30, 2023 14:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 10 низомии саҳюнист дар Ғазза

Неруҳои гурдонҳои Қассом-шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос дар камини дар шаҳри Ғазза 10 низоми саҳюнистро ба ҳалокат расонданд.

Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ҳафтуми октябр 2023 амалиёти "туфони ал-Ақсо"-ро аз борикаи Ғазза зидди мавозеъи режими саҳюнистӣ оғоз карданд ва ин режим барои талофӣ ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти гурӯҳҳои муқовимат, манотиқи маскунӣ, дармонӣ ва фарҳангии борикаи Ғаззаро бомбаборон кард.

Бо гузашти ҳудуди 3 моҳ аз ин амалиёт режими саҳюнистӣ барои ҷуброни шикасти тармимнопазири худ ҳамчунон манотиқи мухталифи Ғазза аз ҷумла манотиқи маскунӣ ва дармониро бомбаборон мекунад, ва дар ҷадидтарин иқдоми худ дар талош аст, то бо ҳамкори Амрико марзи Рафаҳро ба таври комил масдуд кунад.

  Ба гузориши ИРНА, як манбаъ дар гурдонҳои Қассом ҷумъашаб эълом кард, неруҳои ин гурӯҳи муқовимати Фаластин дар як камин дар шарқи маҳаллаи Илтифоҳ як нафарбари исроилиро нобуд карда ва 10 низомии исроилиро аз фосилаи наздик аз по даровардаанд.

 Пештар низ гурдонҳои Қассом эълом карда буд, ки неруҳои пиёданизоми саҳюнистӣ ва таҷҳизоти низоми онҳо дар шимоли урдугоҳи «Албриҷ»-ро ҳадаф қарор дода ва теъдоде аз саҳюнистҳоро кушта ва ё захмӣ кардааст.

Артиши режими саҳюнистӣ ҳам эълом кард, ки тайи 24 соат гузашта 21 низомии саҳюнист дар навори Ғазза захмӣ шуданд.

 

Барчасп