Вокуниши мақомоти Афғонистон ва Покистон ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди фаластиниён
(last modified Sat, 30 Dec 2023 13:16:01 GMT )
Декабр 30, 2023 18:16 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши мақомоти Афғонистон ва Покистон ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди фаластиниён

Вазири муҳоҷирони ҳукумати Толибони Афғонистон, ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба фаластиниёни Борикаи Ғаззаро як амали ғайриинсонӣ ва бар хилофи ҳамаи мавозини башарӣ донист.

Халил Раҳмон Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирон ҳукумати Толибон Афғонистон

Дар ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 токунӯн беш аз 21 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 55 ҳазор нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза бо вокуниши тунди мардуми мухталифи ҷаҳону минтақа мувоҷеҳ шудааст, аммо токунӯн маҷомеи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид натавонистаанд ин ҳамалотро мутаваққиф кунад.

Ба гузориши ИРНА, Халил Раҳмон Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирони ҳукумати Толибони Афғонистон дар вокуниш ба идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди фаластиниён афзуд, ин режим бояд ҳарчӣ сареътар ҳамалот ба Борикаи Ғазза мутаваққиф кунад.

Ҳаққонӣ гуфт,"саҳюнистҳо Байтулмуқаддасро ба гунаи ошкор ишғол ва ба шаъоири исломии мо тавҳин кардаанд ва мусулмонон набояд сокит бинишинанд."

Дар ҳамин ҳол сенатор Машоҳид Ҳусайн Саид, раиси Комиссиони умӯри дифои Маҷлиси сенаи Покистон, ҳамдастии Амрико ва муттаҳидони ғарбии он бо режими Исроил дар ҷанги Ғаззаро "ҷабҳаи саркӯб" тавсиф кард ва гуфт, меҳвари муқовимат дар баробари ҷабҳаи саркӯб муқовимтар амал карда ва сабаб шуд то тарҳи амрикоӣ - саҳюнистии Ховари Миёнаи ҷадиди минҳои Фаластин дафн шавад.

Раиси Камиссиони умури дифои Маҷлиси сенаии Покистон

Вай дар мақола,е ки дар рӯзномаи покистонии “Экспресстрибун” мунташир шуд, ба ташреҳи паёмадҳои стротежии ношӣ аз "Тӯфони Ал Ақсо" пардохту афзуд, ҳеҷ сулҳ ё суботи пойдор дар Ховари Миёна (Ғарби Осиё) бидқни як кишвари мустақили фаластинӣ ба пойтахтии Байтулмуқаддас имконпазир нест.

Дар ҳамин ҳол фармондкҳони артиши Покистон дар иҷлоси муштараки худ зимни ибрози ҳамбастагии комил бо миллати мазлӯми Фаластин ва маҳкумияти ҷиноёти режими ишғолгари Исроил, бар таваққуфи ҳамалоти саҳюнистҳо ва барқарории оташбаси доимӣ дар Ғазза таъкид карданд.