Январ 06, 2024 19:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳ як мақари иттилоотии артиши Исроилро ҳадаф қарор дод

Муқовимати исломии Лубнон субҳи имрӯз (шанбе), як мақари иттилоотии артиши режими Исроилро дар шимоли Фаластини ишғолӣ бо даҳҳо ракет мавриди ҳамла қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар пайи ин ҳамлаи ракетӣ, расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ожирҳои хатар дар даҳҳо шаҳрак дар шимоли Фаластини ишғолӣ фаъол шудааст.

Лаҳазоте баъд манобеи хабарӣ гузориш доданд, муқовимати исломии Лубнон бо 30 то 40 ракет мақари иттилоотии «Мерон» дар шимоли Фаластини ишғолиро мавриди ҳамла қарор додааст.

Бар асоси гузориши расонаҳои исроилӣ, артиши ин режим ба дунболи ин ҳамла, 12чаҳорроҳ ва хиёбонро дар манотиқи шимолии Фаластин баст ва артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин дар посух ба ин ҳамла манотиқеро дар ҷануби Лубнонро ҳадафи ҳамлаи тӯпхонаӣ қарор дод.

Муқовимати исломии Лубнон баъд аз оғози ҳамалоти артиши Исроил ба Навори Ғазза дар таърихи ҳафтуми моҳи октябри 2023 садҳо бор пойгоҳҳо ва мақарҳои иттилоотӣ ва низомии исроилиро дар шимоли Фаластин ҳадафи ҳамла қарор додааст.

 

Барчасп