Январ 07, 2024 13:33 Asia/Dushanbe
  • Баргузории тазоҳурот дар Тел-Авив зидди Натаняҳу
    Баргузории тазоҳурот дар Тел-Авив зидди Натаняҳу

Садҳо нафар рузи шанбе бори дигар дар Тел-Авив зидди Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс полиси режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ин тазоҳурот бо теъдоди аз муътаризон даргир шуда ва ин таҷамуъ ба хушунат кашида шуд.

Хонаводаи асирони исроилӣ дар Ғазза низ дар ин таҷамуъ ҳузур доштанд ва хостори истеъфои Натаняҳу ва баргузории интихоботи зудҳангом шуданд.

Дур руз пеш низ муътаризон ва хонаводаҳои асирни саҳюнист дар Ғазза яке аз бузургроҳҳо дар Тел-Авивро масдуд кардва ва хостори озодии асирон шуданд.

Ин дар ҳоли аст, ки ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин аз рузи сешанбе дар пайи иқдоми террористии ржеими саҳюнистӣ дар терори Солеҳ Алъорури муовини раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар Берут Ҳамос ба миёнҷиҳо иттилоъ дод ки тамоми музокирот дар бораи асирон дар Ғазза то иттилоъи сонавӣ мутавақиф шуда аст.

Манобеъи хабар рузи сешанбе аз шаҳодати Солеҳ Алъорури бар асари як ҳамали паҳподии режими саҳюнистӣ дар Зоиҳаи ҷануби Бейрут хабар доданд.

Манобехи лубнонӣ гузориш доданд ин паҳпод як дафтари мутаъалиқ ба Ҳамосро ҳадаф қарор дод, ки ба шаҳодати 3 нафар ва захми шудани 11 нафари дигар мунҷар шуд.

Дар ҳаминҳол хонаводаи асирони саҳюнист дар Ғазза ба чолиши бузург барои кабинаи ҷангии Натаняҳу табдил шуда аст.

Чанд ҳафта пештар дидори гузинишии Бинямин Натаняҳу нахуствазири Исроил бо бархе аз аъзои хонаводаи асион хашми онҳоро дар пай дошт.

Рузи 19 декабр расонаҳои дохили дар Исроил гузориш доданд гузиниш танҳо 15 нафар аз аъзои хонаводаҳои асирони исроилӣ дар Ғазза барои дидор бо Бинямин Натаняҳу хашми бастагони асирони дигарро ба ҳамроҳ дошт ва мавҷи интиқодҳои умумӣ аз уро афзоиш дода аст.

Барчасп