Ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба пойгоҳи артиши режими саҳюнистӣ
Ҳизбуллоҳи Лубнон як пойгоҳи артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластинро ҳадаф қарор дод.
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияи дар бораи ин ҳамла эълом кард: Муҷоҳидони муқовимати исломӣ дар ҳимоят аз милли собитқадами Фаластин дар борикаи Ғазза ва дар ҳимоят аз муқовимати далерона ва шарофатмандонаи онҳо имруз шанбе мавзеъи Биёз Балидоро ҳадаф қарор доданд.
Бар асоси ин баёния ин пойгоҳи саҳюнистҳо бо мушакҳои Ҳизбуллоҳ ва ба атври дақиқ ва мустақим ҳадаф қарор гирифт.
Ҳизбуллоҳи Лубнон субҳи имруз низ дар посухи авалия ба терори Солеҳ Алъорури ноибраиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамсо тавассути режими саҳюнистӣ манотиқи мухталифи шимоли фаластини ишғоли ба вижа пойгоҳи кантроли ҳавоӣ роҳбурдии Мируни режими саҳюнистиро рокетборон кард.
Сайид Ҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ахиран дар ҷараёни суханронии худ бо баёни ин ки аз рузи 7 октябр ва танҳо як руз пас аз оғози амалиёти Туфони алақсо дар Ғазза вориди руёруӣ бо душмани саҳюнист шудаем таъкид кард: Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ин таъирх ва дар имтидоди беш аз яксадкилометр борҳо мавозеъи ишғолгаронро ҳадаф қарор дода аст.
Муқовимати исломии Лубнон баъд аз оғози ҳамалоти артиши Исроил ба борикаи Ғазза дар таърихи 7 октиябри соли 2023 садҳобор пойгоҳҳо ва мақарҳои иттилоъоти ва низомии исроилиро дар шимоли Фаластин ҳадафи ҳамла қарор дода аст.
Ҳизбуллоҳ таъкид карда аст: То замони идомаи таҷовуз зидди мардуми Ғазза ба ҳамалоти худ зидди режими саҳюнистӣ идома хоҳад дод.