Январ 09, 2024 14:13 Asia/Dushanbe
  • Урдун: Таҷовузи Исроил ба Ғазза аз тамоми ҳудудҳо фаротар рафтааст

Вазири умури хориҷаи Урдун гуфт: Хатари густариши ҷанг дар борикаи Ғазза бо идомаи куштор ва вайрониҳое, ки саҳюнистҳо бар ин минтақа ворид мекунад, рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник, Иман Ассафдӣ- вазири умури хориҷаи Урдун дар гуфтугӯ бо Катрин Калона-вазири умури хориҷаи Фаронса афзуд: Ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза тамоми ҳудуди инсонӣ, қонунӣ ва ахлоқиро зери по гузоштааст.

Ассафдӣ хитоб ба Колона гуфт: Ин ғайри қобили қабул аст, ки Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ иҷоза дошта бошад ғарби Осиёро ба самти як ҷанги минтақаӣ бикшоянд.

Вазири умури хориҷаи Урдун тасреҳ кард: Нотавонии ҷомеаи байналмиллалӣ дар иҷрои масъулиятҳои худ ва гирифтани мавзеъи қотеъ, ки ниёзманди поён додан ба таҷовуз аст, нишондиҳандаи стандартҳои дугона аст.

 Ассафдӣ пеш аз ин низ дар дидор бо Антони Блинкен-вазири умури хориҷаи Амрико бар таваққуфи ҷанги Ғазза ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ва пизишкӣ барои фаластиниҳои сокини ин минтақа таъкид карда буд.

 Вазири умури хориҷаи Урдун ҳамчунин гуфт: Режими саҳюнистӣ дар соли 2023 ба ҷиноятҳои ҷанги ваҳшатнок даст зад ва Шӯрои Амният низ барои таваққуфи он ҳеҷ иқдоме накард.

 

Барчасп