Январ 11, 2024 10:44 Asia/Dushanbe
  • Артиши Яман як киштии амрикоиро ҳадаф қарор дод
    Артиши Яман як киштии амрикоиро ҳадаф қарор дод

Сухангӯӣ неруҳои мусаллаҳи Яман аз ҳадаф қарор додани як киштии амрикоӣ дар дарёии Сурх хабар дод .

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи шабакаи Алмасира, « Яҳёи Сариъ » сухангӯӣ неруҳои мусаллаҳи Яман идирӯз чаҳоршанбе эълом кард : Як киштии амрикоие, ки аз режими саҳюнистӣ пуштибонӣ мекард бо теъдоди зиёди мӯшаки болистик ва дарёӣ ва паҳподӣ мавриди ҳадафи неруҳои яманӣ қарор гирифт .

Яҳёи Сариъ афзӯд : Амалиёти ҳадафи қарор додани нови амрикоӣ посухи аввалия ба ҳамлаи хоинонаи неруҳои душмани Амрико ба неруӣ дарёии Яман аст .

Сухангӯӣ неруҳои мусаллаҳи Яман бо баёни инки Яман аз бархӯрди муносиб бо тамомии таҳдидоти хасмона дар чорчӯби ҳаққи дифои машрӯъ аз кишвар, мардум ва миллати худ тардид нахоҳад кард,  гуфт : Кишвараш то таваққуфи ҷанг алайҳи Ғазза ва  рафъи муҳосираи ин минтақа ба ҳадафи қарор додани аҳдофи саҳюнистӣ идома хоҳад дод.

Сухангӯӣ неруҳои мусаллаҳи Яман дар поён бар амн бӯдани дарёнавардӣ дар дарёӣ Сурх барои соири киштиҳо ба ҷузи киштиҳои саҳюнистӣ ва  киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолӣ таъкид кард .

Ин дар ҳоле аст, ки Амрико муддаӣ аст ки эътилофии дарёӣ барои муқобила бо амалиёти артиши Яман дар дарёӣ Сурх эҷод кардааст аммо Фаронса, Испания ва  Италия бо тайиди хурӯҷи худ аз ин эътилоф, аз таҳвили киштиҳои ҷангии худ ба фармондеҳии Иёлоти Муттаҳида худдорӣ кардаанд .

Артиши Яман дар ҳафтаҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин дар Борикаи Ғазза чанд киштии саҳюнистӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар дарёии Сурх вав тангаи Бобал Манаб ҳадаф қарор додааст .

Барчасп