Январ 12, 2024 18:30 Asia/Dushanbe

Амрико ва Британия ба беш аз 12 нуқта аз шимолу ғарби Яман ҳамла карданд.

Ба гузориши шабакаи “Алмаёдин”, беш аз 12 сайти мавриди истифодаи неруҳои Ансоруллоҳ дар минтақае дар Саъда, дар шимол ва дар устони Алҳудайда, дар ғарби Яман бомдоди ҷумъа ҳадафи ҳамлаи ҳавоиву дарёии Амрико ва Британия қарор гирифт. Тибқи гузоришҳои эъломшуда, парвози ҷангандаҳои амрикоӣ ва бритониёӣ дар осмони устонҳои Алҳудайда ва Саъда идома дорад.

Дар ҳамин росто, Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар баёнияе гуфт: «Мо бо ҳамкорӣ бо Британия ва бо ҳимояти Австралия, Баҳрайн, Канада ва Ҳоланд ҳамалоти муваффақиятомезе алайҳи чанд ҳадаф дар Яман анҷом додем».

Риши Сунак, нахуствазири Британия низ дар изҳороте барои тавҷеҳи таҷовузи низомӣ ба Яман гуфт, неруи ҳавоии салтанатӣ ҳамалоти ҳадафманде алайҳи таъсисоти низомии Яман анҷом дод. Ин ҳамалот зарурӣ, маҳдуд ва мутаносиб барои дифоъ аз худ буд.

Си Эн Эн низ гузориш дод, ки мушакҳои Томаҳаук аз сакуҳои ҳавоӣ, заминӣ ва зерсатҳӣ ба сӯи аҳдофе шомили сомонаҳои радарӣ, сайтҳои шиллик, маҳалли нигаҳдории паҳподҳо ва сайтҳои парвоз, анбори мушакҳои болистик ва круз дар Яман шиллик шуданд.

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали устондори Санъо бомдоди ҷумъа дар ташреҳи ҳамалоти таҷовузгаронаи Амрико ва Британия ба Санъо гуфт, ки ин ҳамалот талафоти ҷонӣ ба ҳамроҳ надоштааст.

Алӣ Алқаҳум, аз аъзои аршади Ансоруллоҳи Яман дар нахустин вокуниш ба бомбаборони аҳдофе дар Яман тавассути Эътилофи амрикоӣ ва бритониёӣ гуфт: Ҷанги шадид дар дарёи Сурх ва ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои низомии Амрико ва Британия ва иқдомоти бузургтар алайҳи мутаҷовизон дар пеш аст.

Вай афзуд, бо қудрат ба новҳои амрикоӣ ва бритониёӣ дар дарёи Сурх посух медиҳем.

 

Барчасп