Январ 15, 2024 21:26 Asia/Dushanbe
  • Набарди неруҳои муқовимати Фаластин бо низомиёни саҳюнист дар шаҳри Ғазза
    Набарди неруҳои муқовимати Фаластин бо низомиёни саҳюнист дар шаҳри Ғазза

Размандагони фаластинӣ бо ҳамалоти хумпораӣ ба марокизи таҷаммуъи артиши режими саҳюнистӣ дар шаҳри Ғазза бо шуморӣ аз низомиёни саҳюнист даргир шуданд.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнӣ Фаластин Алявм гурдонҳои муқовимати Фаластин бо ҳамалоти хумпораӣ таҷҳизоти низоми душмани саҳюнистӣ дар муҳавватаи пойгоҳ "Малака" шарқи маҳаллаи Алзайтун дар шаҳри Ғаззаро ҳадаф қарор дод.

Гурдонҳои муҷоҳидин ҳам бо неруҳои саҳюнистӣ дар минтақаи бурҷҳои мухобирот дар шимоли шаҳри Ғазза даргир шуданд ва таҷҳизот ва таҷҳизоти низомиёни режими саҳюнистиро ҳадаф қарор доданд.

Артиши режими саҳюнистӣ дар гузориши дар яксадумин руз аз ҷанги борикаи Ғазза эълом кард 11 ҳазор мушак аз ин минтақа ва ҷануби Лубнон аз 7 октябр ба сарзаминҳои ишғолии шиллик шуда аст ва аз ин миён 9 ҳазор мушак ва ракета аз ғазза ва 2 ҳазор мушак аз ҷануби Лубнон шиллик шуда аст.

Ҳамчунин вазорати беҳдошти Фаластин дар борӣкаи Ғазза эълом кард артиши режими саҳюнистӣ дар тули шабонаи рузи гузаштаи 12 маврид ҷиноят муртакиб шуд ки дастиками яксад ва 32 шаҳрванди фаластини шаҳид ва 252 нафар захмӣ шуданд.

Банно бар эъломи вазорати беҳдошти Фаластин бо эҳтисоби шуҳадои шабонаи рӯзи гузашта теъдоди кули шуҳадои борикаи Ғазза аз замони оғози ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ дар 7 октябр ба 24 ҳазору 100 нафар ва шумори захмиҳо ба 60 ҳазору 834 нафар афзоиш ёфт.

Дар ҳамин ҳол шабакаи телевизиюнии Алҷазира эълом кард дар ҳамлаи бомдоди рузи душанбеи ҷангандаҳои артиши Исроил ба Ғазза беш аз 30 фаластинӣ шаҳид шуданд.

Барчасп