Тафсир/ Афзоиши ҳузури низомии Амрико дар Ироқу Сурия
(last modified Wed, 17 Jan 2024 12:21:01 GMT )
Январ 17, 2024 17:21 Asia/Dushanbe
  • Тафсир/ Афзоиши ҳузури низомии Амрико дар Ироқу Сурия

Амрико аз соли 2003 пас аз ишғоли Ироқ дар ин кишвар ҳузури низомӣ дошта ва дар мавриди Сурия низ аз соли 2014 ба баҳонаи мубориза бо гуруҳи террористии такфирии ДИИШ дар чорчӯби эътилофи байналмилалии зидди ДИИШ дар Сурия ҳузури низомӣ дорад  Ба рағми дархостҳои мукаррари давлатҳои Ироқ ва Сурия, аммо шавоҳид ҳокӣ аз талоши Вашингтон барои афзоиши ҳузури низомӣ дар ин ду кишвар бавижа пас аз ҷанги Ғазза ва таҳаввулоти амниятӣ дар Дарёи Сурх аст.

Вашингтон рӯзи душанбе дар буҳбуҳаи ҳамалоти сӯрат гирифта ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқу Сурия эълом кард, қасд дорад ба далели ончӣ мубориза бо гуруҳи террористии ДИИШ хонда шудааст, 1500 низомии ҷадид аз сарбозони Горди миллии Ню-Ҷерсиро ба Ироқу Сурия эъзом кунад. Қарор аст, ин низомиён пеш аз эъзом ба Ғарби Осиё барои анҷоми давраи омӯзишӣ ба пойгоҳе дар иёлати Техас бираванд. Иддао Амрико дар бораи эъзоми низомиёни ҷадид ба Ироқу Сурия барои ба истилоҳи муқобила бо ДИИШ дар ҳоле аст, ки Вашингтон дар давраи зимомдории Барак Обамо, раисиҷумҳӯри асбақи Амрико нақши мустақиме дар тақвияту густариши ин гуруҳи террористӣ доштааст. Эъзоми ин теъдод низомӣ, ки қарор аст ба ин ду кишвар эъзом шаванд аз соли 2008 токунӯн бесобиқа аст. Ин эъзом дар ҳоле анҷом мешавад, ки аз замони оғози ҷанги Ғазза дар 7 октябр, пойгоҳҳои Амрико дар Ироқу Сурия дастикам 130 бор мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Иқдоми Вашингтон дар эъзоми неруҳои низомии ҷадид ба Ироқу Сурия дар ҳоле эълом шуда, ки давлатҳои ин ду кишвар борҳо хоҳони хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишварҳо шудаанд.

Дар бораи Ироқ дар тозатарин мавзеъгирӣ дар ин замина Муҳаммад Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ ҳафтаи гузашта хоҳони хурӯҷи фаврии неруҳои амрикоӣ аз ин кишвар шудааст. Пас аз террори ноҷавонмардонаи сардори шаҳид Сулаймонӣ, фармондиҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ап Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, муовини басиҷи мардумӣ ва ҳамроҳони онҳо дар фурудгоҳи Бағдод дар 3 январи 2020 тавассути Амрико, порлумони Ироқ дар 5 январи раъй ба хурӯҷи неруҳои эътилофи зидди ДИИШ, аз ҷумлаи неруҳои амрикоӣ аз Ироқ дод.

Амрико дар охирин соли раёсатҷумҳурии Доналд Трамп дар соли 2020 , шумори низомиёни худ мустақар дар Ироқро ба 2500 тан коҳиш дода буд. Маъмурияти неруҳои амрикоӣ ба таври зоҳирӣ дар 31 декабри 2021 дар Ироқ поён ёфтааст. Бо ин ҳол Амрико ҳамчунон таҳти ановини дигар ба ҳузури низомӣ дар ин кишвар идома дода ва чандини пойгоҳи низомӣ дар ихтиёр дорад. Вашингтон ба рағми мусаввабаи порлумони Ироқ, ки хоҳони хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар шуда буд, ҳамчунон ба баҳонаи иқдомоти мусташорӣ ва омӯзишии камокон дар ин Ироқ ҳузури низомӣ дорад. Масъалае, ки бо вокуниши тунди ироқиҳо ва посухи хашини онҳо мувоҷеҳ шуда ва дар ҳафтаҳои ахир ҳамалоти паҳподӣ ва мушакӣ алайҳи пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқу Сурия рух додааст.

Дар бораи Сурия низ давлати Обама ба баҳонаи мубориза бо гуруҳи террористии ДИИШ, ки худ поягузору ҳомии аслии он буд, амалиёти ҳавоӣ ва заминиро дар Сурия аз соли 2014 оғоз ва иқдом ба истиқрори низомиёни амрикоӣ дар ин кишвар намуд. Сипас Доналд Трамп зимни ҳифзи ҳузури низомии ғайриқонӯнии Амрико дар Сурия ба баҳонаи мубориза бо ДИИШ, амалан иқдом ба ишғоли бахшҳое аз хоки Сурия ва ғорати нафти ин кишвар пардохт. Неруҳои амрикоӣ дар манотиқи шарқи Сурия, ки маҳали маёдину таъсисоти газӣ ва нафтии ин кишвар аст, ҳузур дошта ва нафти Сурияро ба яғмо бурда ва аз тариқи хоки Туркия онро хориҷ мекунанд. Акнӯн низ давлати Байден беэътино ба усӯл ва мавозини байналмилалӣ монанд ҳаққи ҳокимият ва низ тамомияти арзии Сурия ва бидуни муҷаввизи Шӯрои амнияти Созмони милал, ҳузури низомӣ дар ин кишвари ҷангзада дар ростои ҳимоят аз гуруҳҳои террористӣ тадовум бахшидааст. Дар воқеъ Байден ҳамон сиёсати зурмадоронаи Трампро дар қиболи меҳвари муқовимату Сурия дунбол мекунад.