Тафсир - Рӯйкардҳои мутаноқизи давлати Байден дар бораи Ансоруллоҳи Яман
(last modified Thu, 18 Jan 2024 14:06:05 GMT )
Январ 18, 2024 19:06 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Рӯйкардҳои мутаноқизи давлати Байден дар бораи Ансоруллоҳи Яман

Рафторҳои ахири давлати Байден дар қиболи Ансоруллоҳи Яман беш аз ҳама баёнгари сардаргумии Вашингтон аст.

Ҳудӯди се сол аз умри давлати Ҷо Байден дар Амрико мегузарад. Рӯйкардҳои мутаноқизи Амрико дар қиболи Ансоруллоҳи Яман беш аз ҳама гӯёи сардаргумии Вашингтон дар хусӯси ин ҷумбиши яманӣ аст. Вашингтон аз яксӯ доияи ҳуқуқи башарӣ дар қиболи Ансоруллоҳ ва Яман дорад ва аз сӯи дигар ба хотири манофеи саҳюнистҳо, Ансоруллоҳро террористӣ қаламдод карда ва алайҳи он иқдоми низомӣ анҷом медиҳад.

Давлати Байден токунӯн се рӯйкард ва нигоҳ дар қиболи Ансоруллоҳи Яман иттихоз кард.

Рӯйкарди нахуст дар ибтидои давлати Байден иттихоз шуд ва номи Ансоруллоҳро аз феҳристи террористӣ хориҷ карданд. Давлати Ҷо Байден номи ҷумбиши Ансоруллоҳи Яманро дар феврали соли 2021 аз листи гуруҳҳои террористӣ хориҷ карда буд. Дар баёнияе, ки ба ҳамин манзур дар вебсайти Вазорати хазонадории Амрико мунташир шуд, омада буд: Ҳукми қарор гирифтани ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман дар феҳристи созмонҳои террористӣ аз имрӯз, шонздаҳуми феврали 2021 лағв мешавад ва ин ҷумбиш ба мӯҷиби тағйироти сӯрат гирифта аз ин пас дигар машмӯли муқаррароти таҳримҳои ҷаҳонии терроризм, муқаррароти таҳрими созмонҳои террористии хориҷӣ ва ё фармони иҷроии 13224 нест.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико низ эълом карда буд, ки бино ба мулоҳизоти инсонӣ ва бо таваҷҷуҳ ба лузӯми ирсоли кумакҳои башардӯстона ба кишвари ҷанг ва буҳронзадаи Яман, ҷумбиши Ансоруллоҳ аз рӯзи шонздаҳуми феврал (2021) аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ мешавад.

Рӯйкарди дувум ва сеюм дар рӯзҳои ахир иттихоз шуда, ки марбӯт ба ҷанги Ғазза аст. Яманиҳо дар ҳафтаҳои гузашта борҳо ба киштиҳои исроилӣ ё киштиҳое, ки озими Фаластин ишғолӣ буданд ҳамла карданд. Яманиҳо ин иқдомро дар дифо аз мардуми Ғазза ва бо ҳадафи мутаваққиф кардани наслкушии саҳюнистҳо алайҳи Ғазза анҷом доданд. Амрико ва Англия рӯзи ҷумъаи гузашта бо ҳадафи мутаваққиф кардани ҳамлаҳои яманиҳо, бархе аз манотиқи ин кишварро ҳадафи ҳамалоти худ қарор доданд.

Ин ҳамлаҳо дар рӯзҳои баъд низ такрор шуд, аммо Давлати наҷоти миллии мустақар дар Санъо, пойтахти Яман эълом кард, ба ҳамалоти худ алайҳи киштиҳои озими Фаластини ишғолӣ идома хоҳанд дод.

Дар идомаи ин вазъият, Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико пас аз ҳамла ба мавозеъи Ансоруллоҳи Яман, ин ҷумбишро террористӣ хонд. Изҳори назари Байден дар ҳоле аст, ки Ҷон Кирби, ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдӣ дар Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед (сешанбеи 19 декабри 2023) дар нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед гуфта буд, ки Амрико дар ҳоли баррасии вазъияти ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман аст, аммо ҳануз тасмиме барои террористӣ эълом кардани онҳо нагирифтааст.

Рӯйкарди сеюм низ пешниҳоди иғвокунанда ба Ансоруллоҳ барои ба расмияти шинохта шудан дар муқобили таваққуфи ҳамалоти алайҳи киштиҳои озими арозии ишғолӣ аст.

Муҳаммад Ал Бахитӣ, узви дафтари сиёсии ҷумбиши Ансоруллоҳ дар бахше аз мусоҳибаи душанбешаби худ бо шабакаи Ал Арабӣ фош кард, Амрико пас аз инки аз таъсири таҳдидоташ бар мақомоти Санъо ноумед шуд, аз тариқи Умон паёмҳои васвасакунандаи мутаъаддиде ирсол кард ва ба Санъо пешниҳод дод, ки дар изои таваққуфи амалиётҳо алайҳи Исроил ва поён додан ба ҳамалот дар Дарёи Сурх, давлати Санъо (таҳти ҳимояти ҷумбиши Ансоруллоҳ)-ро ба расмият хоҳад шинохт ва аз тамоми бозуҳои минтақаӣ ё дохилӣ (дар кишвари Яман) даст бархоҳанд дошт. Ал Бахитӣ дар идома таъкид кард, ки ин пешниҳод тавассути мақомоти Санъо ва дар раъси онҳо, Саид Абдулмалик Ал Ҳавсӣ, раҳбари инқилоби Яман рад шуд ва ба мақомоти амрикоӣ таъкид шуд, ки ду парвандаи Яману Фаластин аз якдигар ҷудо ҳастанд.

 

Бештар бихонед: