Тафсир- Тадовуми буҳрони сиёсӣ дар Тел Авив бо истизоҳи Натаняҳу
(last modified Tue, 23 Jan 2024 13:08:40 GMT )
Январ 23, 2024 18:08 Asia/Dushanbe
  • Тафсир- Тадовуми буҳрони сиёсӣ дар Тел Авив бо истизоҳи Натаняҳу

Ҳизби кори режими саҳюнистӣ дар тадовуми буҳрони сиёсӣ дар Тел Авив тарҳи истизоҳи кабинаи Бинямин Натаняҳу, нахуствазири ин режимро ба Кнессет (порлумон) ироа кард.

Барои аввалин бор баъд аз ҳафтуми октябри 2023 ва оғози амалиёти "Тӯфони Ал Ақсо"-и гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ, Кнессети режими саҳюнистӣ тасмим ба баррасии тарҳи истизоҳи кабинаи Натаняҳу ба далели нокомӣ дар бозгардондани усаро аз Борикаи Ғазза гирифтааст. Ҳизби кори режими саҳюнистӣ бо интишори баёнияе эълом кард, ки тарҳеро барои истизоҳ ва пас гирифта шудани раъйи эътимод аз кабинаи Натаняҳу ба Кнессет ба далели шикаст дар муқобили муқовимат ироа додааст. Дар ин баёния омадааст, аз ҳамаи ҳизбҳои Кнессет мехоҳем, ки ба салби эътимод аз бадтарин кабинаи таърихи Исроил раъй диҳанд.

Мувофиқати Кнессет бо истизоҳи кабинаи Натаняҳу ҳокӣ аз ташдиди буҳрони сиёсии дохилӣ дар Тел Авив ва нотавонии нахуствазири режими саҳюнистӣ барои таҳаққуқи ваъдаҳое аст, ки бо шурӯи амалиёти Туфони Ал Ақсо матраҳ карда буд. Натаняҳу бо ваъдаи пирӯзии сареъ ва нобудии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар Ғазза ва озодии зиндониёни исроилӣ талош мекард то мушкилоти кабинаи худро пинҳон кунад, аммо иқдоми Ҳизби мухолифи кори режими саҳюнистӣ бенатиҷа будани ваъдаҳои ӯро ошкор кард.

Муқовимати фаластинӣ дар ҳафтаҳои ахир дар ҷабҳаи набард бо артиши режими саҳюнистӣ ба муваффақиятҳои чашмгире даст ёфтааст ба гунае, ки мақомоти низомии саҳюнист ба дастовардҳои муборизони фаластинӣ изъон кардаанд. Амос Ядлин, раиси собиқи шуъбаи иттилооти низомии режими саҳюнистӣ  пештар «нобудии Ҳамос»-ро таваҳҳум хонд.
Ваъда ва иддаои дигари Натаняҳу, дар мавриди озодии усарои исроилӣ буд, аммо мақомоти кабинаи режими саҳюнистӣ низ ин тарҳу барномаро ғайри мумкин ва фиребкорона донистанд. Гади Айзенкот, узви кабинаи ҷанги режими саҳюнистӣ изъон кард, бозгардондани усарои исроилӣ аз тариқи низомӣ ғайримумкин хоҳад буд. Вай ҳамчунин гуфт, ки бозгардондани зиндаи усарои исроилӣ аз Ғазза бидуни дастёбӣ ба тавофуқи мубодилаи усаро ғайримумкин аст ва ҳар кас ғайр аз инро бигӯяд, дурӯғ гуфтааст.

Мушкилоти Натаняҳу танҳо бо аҳзоби мухолиф ва Кнессети режими саҳюнистӣ нест, балки муттаҳидони ифротии ӯ дар кабинаи эътилофӣ низ бовуҷӯди шикастҳои пай дар пай ва нотавонии артиши режими саҳюнистӣ барои муқобила бо гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ бар идомаи ҷанг таъкид доранд. Итамар Бен-Гвир, вазири тундрави амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, Натаняҳуро таҳдид карда, ки дар сӯрати поёни ҷанг дигар кабинае дар кор нахоҳад буд. Бесалел Смотрич, вазири дороии тундрави режими саҳюнистӣ низ гуфта, ҳаргиз бо тавофуқе, ки поёни ҷангро дар бар бигирад мувофиқат нахоҳем кард.

Истизоҳи пеши рӯ паёмади ташдиди ихтилофот дар кабина ва албатта Кнессет, пас аз шикастҳои пай дар пайи артиши режими саҳюнистӣ муқобили гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ аст. Нахуствазири режими саҳюнистӣ бо норизоятӣ ва тадовуми эътирозоти хонаводаҳои зиндониёни исроилӣ мувоҷеҳ буда, ки ӯ ва аъзои кабинаашро барои ҳалли буҳрон нотавон ва дурӯғгӯ медонанд. Тадовуми ҷангталабиҳои кабинаи Натаняҳу мӯҷиби афзоиши мушкилоти иқтисодӣ ва эътирозоти хиёбонӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ шуда, ки ҳаррӯз низ ташдид мешавад. Дар сурати раъйи Кнессет ба барканории кабинаи Натаняҳу ва баргузории интихобот бар асоси натоиҷи назарсанҷиҳо эътилофи "Ликуд" курсиҳои бештареро аз даст хоҳад дод ва имкони идомаи кор низ нахоҳад дошт. Суқӯту барканории кабинаи ифротии Натаняҳу паёмадҳои ҷангафрӯзӣ ва иқдомоти ҷинояткоронаи артиши режими саҳюнистӣ дар Ғазза аст, ки имрӯз саҳюнистҳои ифротиро дар тангно қарор додааст.