Январ 31, 2024 12:16 Asia/Dushanbe
  • Ал Ҳавсӣ: Ҳаргуна моҷароҷӯии Амрико алайҳи Яман ба шикаст мунтаҳӣ хоҳад шуд

Дар идомаи даргириҳои Яман бо ҳомиёни режими саҳюнистӣ, Муҳаммад Алӣ Ал Ҳавсӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман ҳушдор дод, ки ҳаргуна моҷароҷӯии Амрико алайҳи Санъо, ба шикаст мунтаҳӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузори Форс, Муҳаммад Алӣ Ал Ҳавсӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман  шомгоҳи рӯзи сешанбе бо ишора ба инки Амрико таҳдид кардааст, ки ҳама ҷабҳаҳоро алайҳи Яман фаъол хоҳад кард, ба Вашингтон ҳушдор дод, ки ҳаргуна моҷароҷӯӣ, ки дар ростои амалӣ кардани ин таҳдид бошад, ба шикаст мунтаҳӣ хоҳад шуд.

Муҳаммад Носир Ал Отифӣ, вазири дифои Давлати наҷоти миллии Яман ҳам таъкид кард, ки ин кишвар бисёр қудратмандтар аз ин аст, ки аз ҳамалоти Амрико, Англия ва Исроил осеб бубинад.

Ал Отифӣ ба Вашингтон ҳушдор дод, ба ҳежмунии Амрико, поён хоҳем дод ва Шӯрои олии сиёсӣ барои як ҷанги тӯлонимуддат омодагӣ дорад.

Муҳаммад Ал Бахитӣ, узв аршади Шӯрои олии сиёсии Яман низ пештар гуфт, миллат ва нируҳои мусаллаҳи Яман ҳеҷ ҳаросе аз мушакҳо ва таҷаммӯи низомии нируҳои эътилофи амрикоӣ дар Дарёи Сурх надоранд ва дар ҳимоят аз муқовамати мардуми Ғазза ва гурӯҳҳои муқовамати Фаластин собит қадам ҳастанд.

Артиши Яман дар ҳафтаҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовамати миллати Фаластин дар Навори Ғазза чанд киштии саҳюнистӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар Дарёи Сурх ва Тангаи Бобулмандаб ҳадаф қарор дод.

Нируҳои артиши Яман мутааҳҳид шудаанд то замоне, ки режими Исроил ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар Дарёи Сурх идома хоҳанд дод.

Амрико ҳам дар идомаи ҳимоятҳои худ аз Исроил, пас аз шиддат гирифтани амалиётҳои Яман алайҳи киштиҳои Исроил, эътилоферо барои муқобила бо нируҳои мусаллаҳи Яман ташкил дод.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп