Гузориши ЮНИСЕФ дар бораи оворагони фаластинӣ дар борикаи Ғазза
(last modified Tue, 06 Feb 2024 11:08:42 GMT )
Феврал 06, 2024 16:08 Asia/Dushanbe
  • Гузориши ЮНИСЕФ дар бораи оворагони фаластинӣ дар борикаи Ғазза

Сандуқи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эълом кард, беш аз як миллион нафар дар хиёбонҳои Рафаҳ , ҷануби борикаи Ғазза, овора ҳастанд.

 Ба гузориши хабаргузории Шаҳоби Фаластин, Сандуқи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) рӯзи сешанбе эълом кард, ҳудуди як 1 300 000 нафар аз ҷумла ҳудуди 610 ҳазор кӯдак дар хиёбонҳои Рафаҳ овора ҳастанд.

 ЮНИСЕФ пештар бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти фоҷеабори инсонӣ дар борикаи Ғазза эълом карда буд, ки беш аз 10 ҳазор кӯдак фаластинӣ аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.

 Вазъияти асафбори кӯдакони Ғазза дар шароите аст, ки ба тозагӣ ҳашт кишвари кумакҳои молии худро ба Ожонси имдод ва корёбии СММ барои оворагони фаластинӣ мутаваққиф кардаанд; иқдоме, ки бо хушҳолӣ ва истиқболи режими наслкуши Исроил ва эътирози фаластиниён ҳамроҳ будааст.

 Саҳюнистҳо муддаӣ ҳастанд, ки шуморе аз коркунони ин ниҳоди байналмиллалӣ дар ҳаводиси марбут ба ҳафтуми октябр даст доштаанд.

 Дар ҳамин ҳол Филип Лозорини-комиссари кулли ожонси UNRWA аз кишварҳое, ки кумаки молӣ ба ин ниҳодро мутаваққиф карданд, хост дар тасмими худ бознигарӣ кунанд.

Вай афзуд, таваққуфи кумаки молӣ ба UNRWA фаъолиятҳои башардӯстонаи он дар манотиқи хосс ба вежа Ғаззаро бо хатари мувоҷеҳ мекунад.

 Пештар низ UNRWA эълом кард, ки беш аз 85 дарсади ҷамъияти навори Ғазза аз оғози ҳамалоти режими саҳюнистӣ зидди ин борика, овора шудаанд ва бештари онҳо чанд бор оворагиро таҷриба кардаанд.

 Вазорати беҳдошти Фаластин дар борикаи Ғазза бо интишори баёнияе эълом кард, ки дар ҳамалоти Исроил ба ин минтақа тайи 24 соати гузашта 113 фаластинӣ ҷон бохта ва 205 нафар захмӣ шуданд.

 Бо ин ҳисоб шумори шаҳидони фаластини дар ҳамалоти Исроил ба борикаи Ғазза аз 7 октябри 2023 то кунун, ба 27 ҳазору 478 нафар ва шумори маҷрӯҳон низ ба 66 ҳазору 835 нафар афзоиш ёфт.

 Теъдоди зиёде аз мардуми бегуноҳ ва мазлуми Фаластин дар борикаи Ғазза ба далели вайрониҳои вобаста ба ҳамлаҳои режими наслкуши Исроил зери овор буда ва тимҳои дифоъи маданӣ ва пизишкӣ барои расидан ба онҳо бо мушкил рубару ҳастанд.