Феврал 10, 2024 20:29 Asia/Dushanbe
  • Таъхир дар эъломи расмии натоиҷи интихоботи Покистон+гузориш

Бо вуҷӯди гузашти соатҳо аз поёни интихоботи умумӣ дар Покистон токунун натоиҷи расмии интихобот аз сӯи давлат эълом нашудааст.

Гузориши сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва симо, аз Исломобод: Бар асоси натоиҷи ғайрирасмӣ токунӯн 101 номзади мустақили вобаста ба Таҳрики инсоф, 73 номзади Муслим лиги Навоз, 54 номзади ҳизби мардум, 17 номзади Ҳизби муттаҳидаи қавмӣ ва 8 номзади ҳизби дигар пирӯз шудаанд. Ин дар ҳоле аст, ки таъхир дар эъломи натоиҷи расмӣ, эътирози бархе аз аҳзобро дарпай дошта ва бархе аз аҳзоб ҳамчун Ҳизби таҳрики инсоф, ба натоиҷи бархе аз навоҳии интихоботӣ муътариз ҳастанд.

 

 

Барчасп