Феврал 14, 2024 19:29 Asia/Dushanbe
  • Мартин Грифитс, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
    Мартин Грифитс, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури башардӯстона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба авоқиби ҳамлаи заминии режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ, дар ҷануби борикаи Ғазза ҳушдор дод.

Мартин Грифитс, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури башардӯстона, рӯзи сешанбе, зимни ҳушдор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба авоқиби ҳамлаи заминии режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ, ҷануби борикаи Ғазза гуфт: Ин ҳамла мумкин аст ба куштору ҷинояте бузургтар аз шимоли борикаи Ғазза мунҷар шавад.

Донишгоҳи «Ал-Азҳар» низ бо интишори баёнияе, бо маҳкум кардани ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ, дар бораи эҳтимоли вуқуи фоҷеаи инсонии бесобиқа дар сурати сукути байналмилалӣ ҳушдор дод.

Донишгоҳи «Ал-Азҳар» дар ин баёния эълом кард, дар шароите, ки фарохонҳо аз сӯи неруҳои муассир дар сатҳи байналмилалӣ барои маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар саросари ҷаҳон густарда шудааст, иттиҳоди мусулмонону миллатҳои араб барои рӯёрӯӣ бо ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи Рафаҳ зарурӣ аст.

Донишгоҳи «Ал-Азҳар» дар ин баёния ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва неруҳои муассир хост, ба масъулиятҳои худ дар бораи таҳдидҳои фоҷеабори режими саҳюнистӣ (куштору наслкушӣ ҳамзамон бо ҷилавгирӣ аз вуруди кумакҳои башардӯстона ба борикаи Ғазза) амал кунанд.

 

Барчасп