Тафсир/ Иллатҳои поёни бидуни натиҷаи музокироти Қоҳира дар бораи ҷанги Ғазза
(last modified Thu, 15 Feb 2024 13:30:42 GMT )
Феврал 15, 2024 18:30 Asia/Dushanbe
  • Тафсир/ Иллатҳои поёни бидуни натиҷаи музокироти Қоҳира дар бораи ҷанги Ғазза

Музокироти Қоҳира дар бораи асирони исроилӣ ва фаластинӣ ва бо ҳадафи расидан ба оташбас дар ҷанги Ғазза бидуни дастёбӣ ба натиҷа поён ёфт.

Музокироти Қоҳира дар бораи ҷанги Ғазза бо мушорикати Амрико, Миср, Қатар, Ҳамос ва режими саҳюнистӣ баргузор шуд.

Вилям Бренс, раиси CIA-и Амрико, Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар ва мақомоти мисрӣ барои гуфтугӯ дар мавриди чорчӯби оташбас дар Қоҳира, пойтахти Миср дидор карданд. Дэвид Барния, раиси Моссад ва Ронен Барр, мудири Shin Bet (ШАБАКа) низ ба намояндагӣ аз режими саҳюнистӣ дар Қоҳира ҳузур доштанд.

Агарчӣ музокироти Қоҳира натиҷае надошта, аммо гуфта мешавад, дар рӯзҳои оянда бори дигар пайгирӣ хоҳад шуд.

Як манбаи саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо расонаи амрикоии “Axios” таъкид кардааст, ки танҳо пешрафте, ки дар ин музокирот ҳосил шуд, дарки шикофҳое аст, ки бояд барои вуруд ба музокироти оянда барои расидан ба оташбас пур шавад.

Далоили мутааддиде дар бораи натиҷа надоштани музокироти Қоҳира вуҷӯд дорад. Яке аз далоили марбӯт ба муддатзамони барқарории оташбас аст. Рӯзномаи амрикоии “The Wall Street Journal” ба нақл аз бархе манобе эълом кард, ки ҷунбишм “Ҳамос” ва режими саҳюнистӣ дар хусӯси муддатзамони барқарории оташбас ихтилоф доранд. Ҳамос бар оташбаси пойдор таъкид дорад, аммо режими саҳюнистӣ хостори оташбаси маҳдӯд аст, зеро ин режим аз барқарории оташбас сирфан озодии усарои саҳюнистро мехоҳаду Ҳамос низ огоҳ аст, ки режими саҳюнистӣ ба маҳзи озодии усаро ҷангро аз сар хоҳад гирифт.

Омили дигари ихтилоф марбӯт башумори зиндониёне аст, ки тарафайн хостори озодӣ ҳастанд. Расонаи амрикоии “Axios” дар ин хусӯс навишт, ончт монеъи музокироти ҷаддитар дар нишасти Қоҳира шуд, теъдоди зиндониёне аст, ки Ҳамос хостори озодии онҳо аст, вале Тел Авив бо ин теъдод мухолифат карда ва ин масаъла боиси шикаст дар музокирот шуд.

Омили муҳимми дигар марбӯт ба ихтилофот дар даруни кабинаи Исроил аст. Дар даруни ин кабина иҷмоъи назар дар бораи музокирот бо Ҳамос вуҷӯд надорад. Дар ҳоле, ки бархе аз аъзои кабина бар шикаст дар ҷанги Ғазза изъон доранд, Бинямин Натаняҳу ҳамчунон бар тадовуми ҷанг пофишорӣ дорад. Дар ҳамин росто, телевизиони Исроил гузориш дод, ки Моссад ба ҳамроҳи “Shin Bet” ва артиши Исроил чорчӯби ҷадидеро барои тавофуқи оташбас дар изои озодии усаро танзим карда буданд, ки бо мухолифати Бинямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил рӯбарӯ шуд. Ҳатто бархе манобе эълом карданд, Натаняҳу таҳти фишори давлати Амрико як ҳайати исроилиро ба Қоҳира фиристодааст.

Гузоришҳо ҳокӣ аз ин аст, ки музокирот дар рӯзҳои оянда бори дигар аз сар гирифта хоҳад шуд, аммо замоне музокирот ба натиҷа хоҳад расид, ки Натаняҳу ба ин ҷамъбандӣ бирасад, ки аз яксӯ идомаи ҷанг бо ҳимояти Ғарб ба хусӯс Амрико ҳамроҳ нест ва аз сӯи дигар идомаи ҷанг ҳазинаҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ барои Тел Авив хоҳад дошт.

Бештар бихонед: