Феврал 22, 2024 10:15 Asia/Dushanbe
  • Идомаи бомбборони манотиқи мухталифи навори Ғазза аз сӯйи режими саҳюнистӣ
    Идомаи бомбборони манотиқи мухталифи навори Ғазза аз сӯйи режими саҳюнистӣ

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ чаҳоршанбе шаб манотиқе аз шимол , марказ ва ҷануби навори Ғаззаро бомбборон карданд

Ба гузориши Ирно , ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ аз шомгоҳи чаҳоршанбе дар чанд навбат урдӯгоҳи Ҷабалиа дар шимоли навори Ғаззаро бомбборон карданд .

Хонюнес ва  Рафаҳ дар ҷануби навори Ғазза низ чаҳоршанбе шаб тавассути ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бомбборон шуд .

Бар асари бомбборон як манзили маскунӣ дар урдӯгоҳи Алнасирот дар маркази навори Ғазза низ то кунӯн 17 шаҳрванди ғайринизомӣ ба шаҳодат расидаанд.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар охирин гузориши худ эълом кардааст, ки шумори шуҳадои ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз ҳафтуми октябр ( 15 меҳр ) ба 29 ҳазору 313 нафар расид ва дар ин муддат 69 ҳазору 333 шаҳрванди фаластинӣ низ захмӣ шудаанд .

Барчасп