Феврал 25, 2024 20:10 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти густардаи шаҳракнишинон алайҳи Натаняҳу

Расонаҳои режими саҳюнистӣ шанбешаб аз баргузории тазоҳуроти густардаи шаҳракнишинон алайҳи Бинямин Натаняҳу, нахуствазири ин режим дар Тел Авив ва дастгирии шуморе аз тазоҳуркунандагон хабар доданд.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси ин гузориш, саҳюнистҳои муътариз дар ин тазоҳурот бо сардодани шиорҳое хостори истеъфои аъзои кабина ва бавижа Натаняҳу шуданд.

Муътаризони хашмгин ҳамчунин хостори имзои фаврии тавофуқи мубодилаи усаро бо Ҳамос шуданд.

Ин тазоҳурот ба дунболи он сӯрат мегирад, ки манобеи расмии Тел Авив гуфтанд, ки музокирот барои озодии асирони саҳюнистӣ токунӯн роҳ ба ҷое набурдааст.

Аз замони оғози амалиёти Тӯфони Ал Ақсо дар ҳафтуми октябр тӯдаи саҳюнистҳо ва бавижа хонаводаҳои асирони саҳюнист ва ҳамчунин маҳофили сиёсӣ ва амниятии режими саҳюнистӣ, Натаняҳу ва эътилофи ҳокими ӯро масъули ғофилгир шудани ин режим дар баробари муқовимати Фаластину вуқуъи ин амалиёт медонанд ва аз амалкарди Натаняҳу дар мудирияти ҷанг интиқод мекунанд.

 

Барчасп